Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 10 декабр 2016, 17:42

Атабаев: Қазоқистон як давлати пулисӣ шудааст

26 апрел 2013, 11:42

Болат Атабаев, яке аз мухолифони қазоқ мегӯяд, Қазоқистон ба «як давлати пулисии худкома» табдил ёфтааст, ки мардумро бо инқилоби қирғизҳо метарсонад.

Болат Атабаев ин нуктаро зимни суханронияш дар конфронси илмии Бунёди Рози Люксембург дар Берлин таъкид карда, афзудааст, ки “дар натиҷаи мурофиаҳои додгоҳии марбут ба эътироз дар Жанаозен 7 нафар ба ҳалокат расида, 17 тани дигар зиндонӣ ва садҳо нафар ҷароҳатҳои вазнин бардоштаанд. Ин ҳама ба хотири он ки онҳо адолати иҷтимоиро хостор шуда буданд.”

Ба қавли Отабоев, мақомоти қазоқ бо эҳтимол доштани инқилобҳое, ки дар Қирғизистон ба миён омадаанд, мехоҳанд «алови чашм»-и мардумро гиранд.

Мухолифи қазоқ мегӯяд, сабаби ҳоло дар озодӣ буданаш, ин аст, ки барои ҳимоят аз ӯ садо баланд кардаанд ва ашхоси дигар ба он хотир дар зиндон мебошанд, ки нафаре нест барои пуштибонӣ аз онҳо садо бардораду даст ба эътирозот бизанад.

Инчунин мухолифи қазоқ мавқеъгирии бархе аз вакилони Олмонро дар Бунбестагу парлумони Аврупо танқид намуда, норозигии худро нисбат ба фаъолияти сафири Олмон дар Қазоқистон, ки ҷонибдори ислоҳоти Нурсултон Назарбоев, раисиҷумҳури Қазоқистон аст, баён намудааст.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!