Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 16:36

Аскар Акаев: “Илм аз олами хашини сиёсат роҳаттар аст"

26 апрел 2013, 15:11

Аскар Акаев, расиҷумҳури пешини Қирғизистон, “инқилоби ранга”-и моҳи марти соли 2005 дар кишварашро як табаддулоти зери раҳбарияти Амрико хондааст.

Раисиҷумҳури пешини Қирғизистон дар ин бора дар як суҳбати ихтисосии худ бо хабарнигори “Форс” баён дошта, афзудааст, “Стивен Янг, ки дар он вақт сафири Амрико дар Қирғизистон буд, баробари табаддулоти моҳи марти соли 2005 дар ҳама ҷо ифтихор намуда, мегуфт, муваффақ ба эҷоди арзонтарин инқилоб шудааст.”

Акаев бо ишора бар ин ки “инқилобҳои ранга” дар фазои пасошӯравӣ, ба вижа дар Украинаву Гурҷистон ва Қирғизистон боиси маҳкумияти мардум барои таҷрибаи буҳронҳои тӯлонӣ шудаааст, гуфта ки ҳаводиси соли 2005 кишварашро ба муддати 5 сол ақиб андохт.

Дар идома оқои Акаев ба масъалаи дар ихтиёри Амрико гузаштани фурудгоҳи Манас изҳори назар кардааст. Вай гуфт, ки “баъд аз ҳодисаи 11-уми сентябр Амрико иқдомотеро алайҳи терроризм дунбол кард. Албатта, мо пойгоҳи ҳавоии Манасро ба хотири ҳимоят аз иқдоми Амрико алайҳи терроризм дар ихтиёри он гузоштем. Агар онҳо содиқона амал мекарданд, шояд мешуд терроризмро шикаст дод. Вале, мутаассифона, ҳадафи аслии онҳо чизи дигар буд. Вақте ман мавзӯи муайян намудани ҳузурро матраҳ кардам, Кохи Сафед норозӣ шуд. Илова бар ин, ҳукумати Амрико аз ман хост, то ба ҳавопаймои ҷосусӣ иҷозаи фуруд дар фурудгоҳи Манасро бидиҳам. Аммо ман гуфтам, ин мавзуъ дигар баррасӣ нахоҳад шуд.”

Вай илова кардааст, “фикр мекунам, Амрико мехост бо роҳандозии сенарияҳои ранга дар тамоми минтақа фазои ҳараҷу мараҷро эҷод намуда, нухбагони зертобеи худро сари қудрат орад. Вале дар амалӣ намудани ин нақшаҳояш шикаст мехӯрад. Барои мисол, дар бархе аз кишварҳои арабӣ гуруҳҳои зиддиамрикоӣ сари қудрат омадаанд.

Аскар Акаев, раисиҷумҳури барканоршудаи Қирғизистон, аз замони инқолоби рангаи моҳи марти соли 2005 кишварро тарк намуда, ҳоло дар шаҳри Маскави Русия ба сар мебарад ва ба қавли ӯ, ҳоло аз сиёсат даст кашида, ба фаъолиятҳои илмӣ машғул мебошад. Акаев мегӯяд, “дар ҷодаи илм худро роҳаттар аз он олами хашини сиёсат ҳис мекунам. Зеро дар олами сиёсат, то замоне ниёзманди фарде ҳастанд, ки ӯ қудратро дар даст дорад.”


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • ustuvor

  • 26 апрел 2013 16:47
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
dar hakikat ilm rohattar az siuosatast modome ki kreslo dar taht naboshad

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!