Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 11:07

Таҷлили 40-солагии ҲНИТ бе ҳузури Эмомалӣ Раҳмон гузашт (АКС)

27 апрел 2013, 09:52

Рӯзи 27-уми апрел Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар дафтари марказиаш дар шаҳри Душанбе 40-умин солгарди таъсисёбиашро таҷлил кард. Тавре хабарнигори “Озодагон” аз ҷашнвора иттилоъ дод, раисиҷумҳур, Эмомалӣ Раҳмон, ки ҳамзамон раиси Ҳизби ҳокими халқӣ-демократӣ аст, дар таҷлили 40-солагии ҲНИТ иштирок надорад.

Намояндаи ҳизби ҳоким: ҲНИТ-ҳимоягари манфиатҳои миллист


Таҷлили 40-солагии ҲНИТ бе ҳузури Эмомалӣ Раҳмон гузашт (АКС)Аз Ҳизби халқӣ-демократӣ дар ҷашнвораи ҲНИТ, Суҳроб Шарипов, вакили парлумон намояндагӣ дорад, ки зимни сухани табрикотиаш ҲНИТ-ро яке аз ҳимоягари манфиатҳои миллӣ арзёбӣ кардааст: “Ман қаблан ҳамкоронамро дар парлумон аз ҲНИТ, Муҳиддин Кабирӣ ва Саидумар Ҳусайниро табрик мегӯям. Гарчанде мо дар парлумон баҳсҳои зиёде мекунем, аммо дар ҳимояи манфиатҳои миллӣ мавқеи ягона дорем. Муроҷиатномаи ахири парлумон ба Госдумаи Русия мисоли ин гуфтаҳост.”

Тураҷонзода: “Рашки занона” боис шуд, меҳмонони хориҷии ҲНИТ ба Душанбе наомаданд

Таҷлили 40-солагии ҲНИТ бе ҳузури Эмомалӣ Раҳмон гузашт (АКС)Ҳоҷиакбар Тураҷонзода, руҳонии саршиноси тоҷик дар суханронии табрикотиаш гуфтааст, ҳадафи ҳамаи ҳизбҳои сиёсӣ ҳифзи истиқлол якпорчагии кишвар, амнияти давлат ва ободӣ мебошад: “Танҳо фарқият дар ин аст, ки роҳҳои расидан ба ин аҳдоф гуногун аст, вале набояд як ҳизбро барои интихоби роҳи дигар саркӯб кард. Аз ин ки аз 200 меҳмони давъватшҳуда танҳо 20 нафар ба ҷашнвора омадаанд, ин моя шармандагӣ барои Тоҷикистони соҳибистиқололу демократист. Мо хеле мехостем, дустони хориҷии худро ин ҷо бинем, вале аз сабаби “рашки занона” натавонистем онҳоро бубинем.”

Тураҷонзода дар идома таъкид кардааст, ки “мо давлати исломӣ намехоҳем, танҳо ҷомеа мехоҳем, ки дар он интихоби арзишҳои динӣ озод бошад, эътиқод озод бошад.”


Намояндаи "Тоҷикистони нав": Имрӯз ҷашни тамоми Тоҷикистон аст

Маҳмуд Қосимов, раиси ҳизби сабтиномнашудаи “Тоҷикистони нав”, зимни таҷлили 40-солагии ҲНИТ изҳор дошт, ки ҳеҷ кас ба андозаи ҲНИТ барои истиқлоли Тоҷикистон ҷонифидоӣ накардааст: “Барои мо дар ҷашнвораи 40-солагии ҲНИТ пайём гуфтан, ифтихор аст. Ин ҷашни танҳо ҳизби наҳзат не ин ҷашни тамоми Тоҷикистон аст.”

Зоиров: Таърихи ҲНИТ қисми ҷудонашавандаи таърихи Тоҷикистон аст


Раҳматулло Зоиров, раиси Ҳизби умумимиллии сотсиал-демократии Тоҷикистон низ аъзо ва пайравони ҲНИТ ва мардуми Тоҷикистонро табрику таҳният гуфта, таъкид кардааст, ки таърихи ҲНИТ як қисми ҷудонашавандаи таърихи Тоҷикистон ва саҳифаи хоси ҷараёни рушди муносибатҳои ҷамъиятӣ ва чоннисоркунии мардуми кишвар мебошад: "Ба унвони раҳбари як ҳизби мухолиф эътироф мекунам, ки ҲНИТ умдатарин ҳизби мухолифи кишвар мебошад."

Масъулини ҲНИТ таърихи фаъолияти ин ҳизбро аз баҳори соли 1973, аз нишасти 5 асосгузораш дар дар шаҳри Қӯрғонтеппа ҳисоб мекунад. Аммо расман ин ҳизб соли 1991 ба қайд гирифта шудааст.

Абдуқаҳҳори Давлат, мудири шуъбаи байналмилалии ҲНИТ, ба хабаргузории “Озодагон” гуфт, “дар ҷашни 40- солагии ҲНИТ аз хориҷи кишвар, аз ҷумла аз Британияи Кабир, Фаронса, Олмон, Амрико, Қатар, Тунис, Миср, Алҷазоир, Марокаш, Покистон, Афғонистон, Эрон, Русия, Қирғизистон Қазоқистон ва дигар мамлакатҳо дар маҷмӯъ 200 нафар даъват кардем. Аммо аз сабаби он, ки мақомот додани визаро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе қатъ кардааст, аксари меҳмонони даъваткардаи мо омадан натавонистанд.”

Дастгоҳи иҷроияи президент: Мо даъватномаи ҲНИТ-ро нагирифтаем

Дар қатори ҳамагӣ 25-26 меҳмони хориҷии ҲНИТ, ки тавонистаанд, ба Душанбе оянд, Муҳаммад Батук, намояндаи ҳизби ҳокими «Адолат ва тавсеа»-и Туркия, Мустафо Камолак, раиси ҳизби «Саодат»-и Туркия, Саидмусо Мусавӣ аз Эрон, Ҳайдар Ҷамол, рӯҳонии Русия, Роберт Нагидиянов, намояндаи вижаи муфтиёти Русия ном бурда мешаванд. Қаблан масъулини ҲНИТ гуфтанд, ба унвонии раисиҷумҳур низ даъватнома ирсол кардаанд, аммо дар дастгоҳи иҷроияи президент ба “Озодагон” гуфтанд, ки даъватномаро дастрас накардаанд.


Аксҳо аз таҷлили 40-солагии ҲНИТ дар Душанбе


Таҷлили 40-солагии ҲНИТ бе ҳузури Эмомалӣ Раҳмон гузашт (АКС)

Таҷлили 40-солагии ҲНИТ бе ҳузури Эмомалӣ Раҳмон гузашт (АКС)

Таҷлили 40-солагии ҲНИТ бе ҳузури Эмомалӣ Раҳмон гузашт (АКС)

Таҷлили 40-солагии ҲНИТ бе ҳузури Эмомалӣ Раҳмон гузашт (АКС)

Таҷлили 40-солагии ҲНИТ бе ҳузури Эмомалӣ Раҳмон гузашт (АКС)

Таҷлили 40-солагии ҲНИТ бе ҳузури Эмомалӣ Раҳмон гузашт (АКС)

Таҷлили 40-солагии ҲНИТ бе ҳузури Эмомалӣ Раҳмон гузашт (АКС)

Таҷлили 40-солагии ҲНИТ бе ҳузури Эмомалӣ Раҳмон гузашт (АКС)

Таҷлили 40-солагии ҲНИТ бе ҳузури Эмомалӣ Раҳмон гузашт (АКС)

Таҷлили 40-солагии ҲНИТ бе ҳузури Эмомалӣ Раҳмон гузашт (АКС)

Таҷлили 40-солагии ҲНИТ бе ҳузури Эмомалӣ Раҳмон гузашт (АКС)

Таҷлили 40-солагии ҲНИТ бе ҳузури Эмомалӣ Раҳмон гузашт (АКС)


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Imom

  • 27 апрел 2013 17:00
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Бояд ба пеш нигох кард,рухафтода набошем.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Дар ЧТ хизби Демократия танхо ба ном аст. Мо мардуми Точик Демократияи хакикиро мехохем яъне Озодиро мехохем.
Посух додан
  • як хохари исломи

  • 28 апрел 2013 22:34
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ман бенихоят мехостам, ки дар ин чашн иштирок кунам, аммо мутаасифона бо сабаби ичрзат надодани шавхарам иштирок карда натаврнистам. Лекин бесаброна интизори хабархо будам, акнун дилам ором гирифт дуогуи он мешавам, ки дар оянда бозхам аълотару волотар идхоямонро чашн гирем ва ба аъзоени ХНИТ ахсан мегуям чунки онхо тавонистанд. Шояд дар оянда ман низ метавонем иншоаллох

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!