Пирӯзии “Истиқлол” бар“Хайр” ва “Регар-ТадАЗ” бар “Вахш”
Бозиҳои даври чоруми мусобиқаи қаҳрамонии кишвар миёни дастаҳои Лигаи олӣ рӯзҳои 27 ва 28-уми апрел баргузор гардид.
Рӯзи якшанбеи 28-уми апрел дастаи “Панҷшер”-и Ҷалолиддини Румӣ ва “Энергетик”-и Душанбе миёни ҳам қувваозмоӣ намуда, бозиро бо ҳисоби баробари 1:1 анҷом доданд.
Се бозии дигари ин давр рӯзи шанбе 27-уми апрел баргузор шуда буд. Рақобати дастаи “Истаравшан”-и Истарвашан дар майдони худ бо тими ССКА “Помир”-и Душанбе бидуни гол анҷом ёфт.
Дастаи “Вахш” бо тими “Регар-ТадАЗ” дар варзишгоҳи “Пахтакор”-и шаҳри Қӯрғонтеппа ба сабқат баромада, бо ҳисоби 0:1 шикаст хӯрд.
Дастаҳои “Истиқлол”-и Душанбе дар варзишгоҳи “Авиатор”-и пойтахт бар тими “Хайр”-и Ваҳдат бо ҳисоби 3:1 пирӯз шуд.
Голзанҳои беҳтарин: Дилшод Восиев (“Истиқлол”) - 4 гол, Бахтиёр Ҳакимов (“Панҷшер”) ва Юҷин Сепуйя (“Истиқлол”) - 2-голӣ.
Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа:
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 |
8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 |
15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 |
22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 |
29 | 30 | |