Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 00:45

Муроҷиати наздикони раҳбари узбакҳои Хатлон ба Эмомалӣ Раҳмон

29 апрел 2013, 09:35

Наздикони Шамсиддин Салимов, раҳбари ҷамъияти узбакҳои вилояти Хатлон, ки рӯзи 15-уми март ғайб задааст, ният доранд, тавассути як муроҷиатнома аз Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон кӯмак дархост намоянд.

Садриддин Салимов, бародари Шамсиддин дар суҳбат бо хабаргузории “Озодагон” гуфт, тариқи муроҷиатнома аз Эмомалӣ Раҳмон дархост хоҳанд кард, ки ба қазияи гумшавии Шамсиддин Салимов дахл карда, онро зери назорат гирад. Садриддин афзуд, наздики 50 рӯз аз ғайб задани бародараш гузашт, вале мақомот то ҳол нишонеро аз ӯ пайдо накардаанд: “То вазири умури дохилӣ муроҷиат кардем. Ваъда доданд, ки корҳои кофтукобиро пурзӯр мекунанд, аммо то ҳол натиҷае ба даст наовардаанд.”

Қаблан Раҳматулло Зоиров, раиси Ҳизби умумимиллии сотсиал-демократҳои Тоҷикистон, бо пахши як изҳорот гуфт, ки ғайб задани шаҳрванд Шамсиддин Салимов ба ҳамкорӣ бо ӯ марбут буда, эҳтимолан масъулини мақомоти амнияти давлатӣ ӯро ба Душанбе интиқол додаанд.

Дар изҳорот омадааст, ки чанде пеш мақомоти амният аз ҳамкории шаҳрванд Шамсиддин Салимов бо раҳбари Консорсиюми юридикии Тоҷикистон, Раҳматулло Зоиров эрод гирифтаанд. Раҳматулло Зоиров дар изҳороти худ ба унвони ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон Зариф Ализода, вазири умури дохилӣ Рамазон Раҳимов ва раҳбари кумитаи давлатии амнияти миллӣ гуфтааст, ки Салимов узви ҲУСДТ набуда, тибқи Сарқонун дар робита ба боздошт шудан ва ё нашудани вай чораҳои ҳуқуқӣ андешида шавад.

Созмони Авфи Байналмилал (Amnesty International) ҳам бо интишори номае ғайб задани Шамсиддин Салимовро дар остонаи интихоботи қарибулвуқӯи президентӣ «одамрабоии сиёсӣ» хондааст. Дар номаи созмон омадааст, «нопадид» шудани Салимов метавонад сабабҳои сисёсӣ дошта бошад.

Бино ба маълумоти пайвандони Салимов, вай шоми 15-уми марти соли ҷорӣ аз хона баромада, то ҳол барнагаштааст. Ин дар ҳолест, ки моҳи майи соли гузашта низ Шамсиддинов мавриди латту кӯби афроди номаълум қарор гирифта буд. Худи Салимов латту кӯбро ба интиқодҳояш аз мақомоти давлатӣ рабт дода буд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Човид

  • 29 апрел 2013 16:58
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Бародарон, ин сарлавхаи Шумо хагат аст! Ин мардак рахбари узбакхои Хатлон нест ва буда хам наметонад. ИН раиси Созмони фархангии узбакзабонони Хатлон аст, ки шояд 1 дарсади узбакхои Хатлон узвияти ин созмонро дошта бошанд. Аз ин мардак як Дустуми дигар насозед, илтимос!

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!