Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 7 декабр 2016, 00:55

Задухӯрд дар тарабхонаи “Шаҳрисабз” бо куштор анҷомид

29 апрел 2013, 11:15

Задухӯрди ҷавонон дар тарабхонаи “Шаҳрисабз”, воқеъ дар кӯчаи Телмани шаҳри Душанбе, як кушта ва як маҷруҳ бар ҷой гузоштааст.

Маҳмадулло Асадуллоев, сухангӯи Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, дар суҳбат бо хабаргузории “Озодагон” таъид кард, ки воқеан шаби 28-уми апрели соли равон дар тарабхонаи «Шаҳрисабз»-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ як нафар кушта шуда, як нафари дигар ҷароҳати ҷисмонӣ бардоштааст: “Муноқиша байни 4 сокини пойтахт рух додааст. Як нафари онҳо бо истифода аз корд ду нафар ҳамроҳашро бо корд маҷруҳ мекунад, ки дар натиҷа 1 нафари онщо дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат мерасад ва дигарӣ бо ҷароҳати вазнин феълан дар бемористон қарор дорад.”

Асадуллоев аз ном бурдани иштирокдорони ин муноқиша ба далели ворид нашудани халал ба ҷараёни тафтишот худдорӣ кард: “Айни замон барои тасдиқ намудани ду нафари иштирокчии ин муноқиша чораҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ идома доранд. Пас аз дастгир шудани онҳо маълумоти муфасал пешниҳод карда мешавад.”

Тибқи хабарҳои ахир, ки дастраси "Озодагон" шуданд, маҷруҳи дуюм низ дар бемористон, имрӯз аз ҷароҳатҳои вазнин ҷон додааст.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Anvar

  • 30 апрел 2013 09:39
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Салом ва арзи сипос ба хама хонандагон
Мехостам дар ин куштор ки яке аз дустонам дар ин чанг ( разборка) бе восита иштирок доштааст накл аз у равшани андозам ва аз масулини озодагон хохиш мекунам ки ин казияро пайгири кунанд чун чавоне ки ин бародари моро ( номаш Саъди) ба катл расонидааст ва чавоне ки чарохат вазнин бардоштабуд дина шаб дар бемористон фавтид. 5 мох кабл КОТИЛ чавони дигарро низ дар нуктаи мошин шуи бакатл расонида буд ва уро кормандони ВКД дасгир намудабуданд аммо дар як мудати кутох баз рахояш карданд дустон харф мезананд ки падари котил як точири машхурест ва барои рахоии фарзандаш 20 йо 50 хазор сомони додааст ва ин хам якумин куштори ин котил набуда чуноне ки дустон мегуянд 4-5 нафари дигаро низ ба катл расони будааст ва назди чавонон бо тахалуси тегзани мохир машхур будааст.
Посух додан
  • Anvar

  • 30 апрел 2013 09:44
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Шаби вокеъ шудани ин ходиса баъд азоне ки Саъди аз масчид намози хуфтан берун меояд дусте ба у занг мезанаду мегуяд ба назди тарабхонаи Шахрисабз бийояд Саъди бо яке аз дустонам ба назди ин тарабхона мераванд чун ба назди ходиса мерасанд мушкилиро бо гапу суханхои хуб ба амнчом мерасонанд аммо кабл азоне ки онхо ба чои ходиса мерасанд нафаре ки бо у мушкили ечод шуда буд ба додараш яъне котил занг зада мезанад хангоме ки онхо баъд аз анчоми халли ин мушкили мехостанд хама аз паи кори худ раванд котил пайдо мешавад дар даст як корди дароз фавран да дили Саъди мезанад Саъди як ду кадам ба акиб мераваду ва мехохад аз худ дифо кунад аммо баъ аз як кадам ба пеш задан ба замин меафтаду чон ба чонофари месопорад баъд аз он котил як корди дигар ба гардани якеи дтгар мезанад ки дина шап у низ чон ба чонофарин супурд

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!