Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 5 декабр 2016, 13:31

Иброҳим Усмонов: “Эронпарастӣ ба маънои худшиносии миллӣ нест”

30 апрел 2013, 08:42

Иброҳим Усмонов, донишманди шинохтаи тоҷик, мегӯяд, эронпарастии бархе аз сокинони Тоҷикистон худшиносии миллӣ нест. Дар ин бора оқои Усмонов рӯзи 29-уми апрел зимни нишасте бахшида ба худшиносии миллӣ ва Васоити ахбори умум дар Душанбе изҳори назар кард.

Ӯ гуфт, “бархе аз бародарони мо дар мавриди худшиносии миллӣ ба эронпарастӣ такя мекунанд, ки ин чиз манфиате надорад.”

Ба қавли Усмонов, дигар наметавон Эрони қадимро бо Эрони ҳозира муқоиса кард ва мафҳуми миллату давлат низ дар эронпарастӣ дигар шудааст. “Эрони қадим ин як сарзаминест, ки мардумаш ба як забон гап мезанад. Имрӯз на Ҷумҳурии исломии Эрон, на ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна ва на Афғонистон ба як забон гап мезананд. Дар Эрон аксариятро мардуми Озарбойҷон ва халқҳои дигар ташкил медиҳанд, дар Осиёи Миёна бошад, қабилаҳои турку лақай қисмати дигари забони моро ташкил медиҳанд, дар Афғонистон паштуҳо мебошанд. Яъне ягонагии миллии Эрони қадимро фаҳмида, ба имрӯз татбиқ кардан мумкин нест. Вале як гуруҳи бародарони мо мегӯянд, ки не мо ба ҳамин роҳ меравем”,-афзуд ин донишманди тоҷик.

Иброҳим Усмонов дар ин сӯҳбати худ илова кард, ки ҳоло дар дунё 35 миллион тоҷик, аз ҷумла дар Чин 40 ҳазор, дар Қазоқистон 50 ҳазор, дар Қирғизистон низ тақрибан ҳамин нишондод ва дар Узбакистон 12 миллион тоҷик мебошанд. “Вақте мо дар бораи форсу Эрон гап мезанем, ин тоҷикҳоро сарфи назар мекунем. Вазифаи мо муттаҳид кардани ин тоҷикҳо мебошад, инҳо ҳастанд қабилаҳои мо”,-таъкид кард ӯ.

Оқои Усмонов дар идомаи сӯҳбаташ ба масъалаи худшиносии миллӣ дар васоити ахбори умуми Тоҷикистон ҳам дахл кард. Вай аз ҷумла гуфт, “ВАО-и расмӣ ва мустақил ба як шева худшиносии миллиро ифода намекунанд. ВАО-и расмӣ танҳо дастурҳои расмии ҳукуматро ифода мекунанд. Ин як ҷиҳати масъала. Ҷиҳати дигар ин ки бештар ба зоҳир аҳамият медиҳанд, ба мисли либоспӯшӣ, навохтани мусиқии этникӣ. ВАО-и мустақил ё худ ғайрирасмӣ бештар дар инъикоси худшиносии миллӣ озодтаранд ва бо роҳҳои гуногун инъикос менамоянд. Дар назари мо менамояд, ки шиори ВАО-и ғайрирасмӣ, ки пеш гирифтаанд, ин боло нигаҳ доштани манфиати миллӣ аз дигар чизҳост, ки ин бисёр хуб мебошад ва ин шиорро ба таври бисёр сареҳ иҷро мекунанд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Вокеан устод аз бузургтарин олимони точик махсуб мешавад. Хама вакт хакикатро мегуяд, эронгароёни точик имрузхо аз Эрон маблагузори мешаванд, барои нест кардани шева ва гуфтори точики. Агар чунин ашхоси бомаърифату огох набошанд 10 сол пас фарзандони мо ба чои модар (оча) момон гуиро сар мекунанд.

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!