Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 7 декабр 2016, 13:40

Ҳизби ҳоким латту кӯби сокини Душанберо дар Хоруғ маҳкум кард

30 апрел 2013, 11:12

Ташкилоти “Созандагони Ватан”, қаноти ҷавонони Ҳизби ҳокими халқӣ-демократии Тоҷикистон бо пахши як изҳорот латту кӯби Алишер Чақалов, як сокини Душанберо аз ҷониби гуруҳи ҷавонон дар Хоруғ маҳкум кардааст.

“Созандагони Ватан” бо пахши ин изҳорот гуфтааст, “бори аввал нест, ки сохтмончиёне, ки аз тамоми гӯшаву канори мамлакат барои ободкориву созандагӣ ба ВМКБ сафарбар мешаванд,аз ҷониби гуруҳҳои алоҳидаи ҷавонони маҳаллӣ мавриди таҳдид ва ё таҳқиру латукӯб қарор мегиранд.”

Ин ташкилот аз рӯи нақли яке аз ҷабрдидаҳо Рустам Тошмуродов баён мекунад, ки ӯ ҳамроҳи Алишер Чақалов баъд аз анҷоми вақти корӣ тахминан соати 19-и шом бо мақсади шустушӯй ба ҳаммом равона мегарданд: “Дар роҳ гурӯҳи ҷавонони маҳаллӣ, ки иборат аз ҳафт нафар буданд, пеши роҳи онҳоро мегиранд ва бо мақсади номаълум «шумо бачаҳои Алфаед?» гӯён, пурсон мешаванд. Ҳарду ҷавон ҷавоби рад дода мегӯянд, ки онҳо ронандаанд ва барои сохтмон сангу шағал мекашанд. Баъди бозгашт, тахмин наздики соати 21-и шаб, вақте аз пеши ҳамин гуруҳи ҳафтнафара мегузаранд, ногаҳон аз қафо ба онҳо ҳуҷум намуда, яке аз ҷавон Алишер Чақаловро сахт латукуб мекунанд, ки ӯ дар ҳолати ношинохтанӣ қарор мегирад. Рустам Тошмуродов бошад, ба зудӣ худро раҳо карда, бо мақсади расондани ёрӣ сӯи отряди ҳарбӣ меравад.”

“Созандагони Ватан” ин амалро “ноҷавонмардона” арзёбӣ карда, аз сохторҳои дахлдор хоҳиш намудааст, ки ҳодисаро дар доираи қонун баррасӣ кунанд.

Нигаронии "Созандагони Ватан" латту кӯби Алишер Чақалов дар Хоруғ дар ҳолест, ки рӯзҳои истироҳати гузашта дар маркази шаҳри Душанбе ҷавоне, бо зарби корд ду нафарро ба ҳалокат расонда, ғайб задааст. Гуфта мешавад, ин ҷавон, ки қаблан ҳам дар кордзанӣ даст доштааст, замоне боздошт гардида буд, вале ба далели аз оилаи бонуфуз буданаш аз ҷавобгарӣ халос шудааст. Инчунин бо гузашти беш аз як ҳафта ҳанӯз ҳам омилони латту кӯби Муҳаммадалӣ Ҳайит, муовини раиси ҲНИТ, ки дар назди хонааш мавриди ҳамла қарор гирифта буд, боздошт нашудаанд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Va biseru biser digar korhoe,ki meshavand ba nazri onho nonamoyand..........hamai in siyosati xome ki oqibatash bad ast,politika dvoynix standartov.....
Посух додан
  • Мухаммад

  • 1 май 2013 15:55
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Хизби Хоким лату куби сокини Душанберо дар Хоруг махкум мекунад, аммо латукуби сокинони Душанберо дар Душанбе нодида мегирад ва хеч вокунише нишон намедихад. Дар пеши нуки биниашон афрод ва шахсиятхои маъруфи кишвар лату куб мешаванд, локин ин хизби хокими "дилсуз"и шахрвандони кишвар, мижааш хам напепарад, магар ин духураги ва мунофикат дар рафтор нест.
Худо инсофатон дихад, ки хамаро ба як чашм нигаред.

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!