Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 08:50

Ноболиғи тоҷик, ки дар шикамаш 12 литр об доштааст, наҷот ёфт

30 апрел 2013, 12:10

Бемори 16-солаи тоҷик, ки бо иллати камбуди кори ҷигар дар шикамаш 12 литр об ҷамъ гардидааст, дар бемористони Ибни Синои Душанбе наҷот дода шудааст.

Тавре аз ин бемористон хабар доданд, дар шӯъбаи ангиопластикаи Бемористони Ибни Сино рӯзи шанбеи 20-апрел ба бемори 16 сола амали нодири ангиопластикӣ анҷом дода шуд, ки на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар олам низ кам ба назар мерасад. Мутахассиси варзидаи эронӣ, кардиолог-интервенсионист, Алдубонӣ Амирҳусейн-доктор Сомӣ мегӯяд, ҳатто дар Эрон мумкин аст, ки танҳо 2-3 ҳолати чунин беморӣ вуҷуд дошта бошад.

Ин бемори 16-солаи тоҷик пас аз ташхис дар бемористонҳои дигари кишвар, ки натиҷае надодааст, ба бемористони Ибни Сино омадааст. Кормандони бемористон муайян кардаанд, ки дар ин бемор баъд аз амали ангиография басташавии рагҳои хунбаргардонии ҷигар, ки дар натиҷа бемор гирифтори норасоии кори ҷигар гардидааст, ошкор шудааст, Дар натиҷаи норасоии кори ҷигар дар ковокии шиками бемор 12 литр об ҷамъ гардидааст.

Масъулини Ибни Сино мегӯянд, дар натиҷаи як амалиёти мураккабе, ки ду соат давом кард, ҳамаи моеъи (об) ҷамъшуда аз бемор гирифта шуда, як раги хунбаргардонии ҷигар бо ҳудуди даҳ баллони мухталиф боз карда шуд. Ҳоли бемор пас аз ин амал беҳтар гардида, дар назар аст, ки дар мароҳили баъдӣ дар ӯ амали стентгузорӣ анҷом дода шавад.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!