Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 13:07

Шӯрои сиёсии ҲУСДТ Радиои Озодиро "таҳрим" кард

30 апрел 2013, 19:23

Шӯрои сиёсии Ҳизби умумимиллии сотсиал-демократи Тоҷикистон (ҲУСДТ) аз тасмими созмонҳои журналистӣ барои таҳрими Радиои Озодӣ ҳимоят кардааст.

Раҳматулло Зоиров, раиси ҲУСДТ, мегӯяд, аз мавқеи созмонҳои журналистии Тоҷикистон алайҳи Радиои Озодӣ на танҳо ба хотири қазияи Абдуқаюми Қаюмзод, балки ба хотири он пуштибонӣ кардаанд, ки тайи чанд соли охир ин радио “уҳдадории худро аз рӯи вазифаҳояш иҷро намекунад”.

Ба гуфтаи ҷаноби Зоиров, “имрӯз хабару иттилоот ва мусоҳибаҳо дар Радиои Озодӣ нодуруст, дар як сатҳи паст ва якҷониба инъикос меёбанд. Аз ҷумла, чанд мусоҳибаҳое, ки ба худи бандаву Шокирҷон Ҳакимов рабт доранд, нодуруст инъикос ёфтаанд. Мо дар мавриди дигар чиз суҳбат мекунем, онҳо тамоман чизи дигар менависанд.”

Раҳматулло Зоиров бархӯрди масъулони бахши тоҷикии Радиои Озодӣ бо Абдуқаюми Қаюмзодро ғайриқонунӣ дониста, мегӯяд, “имрӯз Радиои Озодӣ ба як созмони ғайриконструктивӣ табдил ёфтааст”.

Раиси ҲУСДТ афзуд, ин вазъ дар Радиои Озодӣ пас аз ба ҳайси раҳбари ин радио интихоб шудани Соҷидаи Мирзо ба миён омадаанд: “Ба назари ман, вазъиятро ҳам дар дохилу ҳам дар берун ногувор кардааст. Аз ин рӯ, ба Радиои Озодӣ ва сармоягузорони он муроҷиат менамоем, ки сатҳи фаъолияти ин радиоро дуруст ба роҳ монанд.”

Аз ин пеш чанде аз созмонҳои журналистии Тоҷикистон то замони ҳал шудани қазияи Абдуқаюми Қаюмзод ҳамкорӣ бо Радиои Озодиро муваққатан қатъ карданд. Радиои Озодӣ ахиран қарордоди ҳамкорӣ бо ҷаноби Қаюмзодро яктарафа қатъ карда, дар шарҳи ин тасмимаш гуфт, дигар наметавонист Қаюмзодро нигоҳ бидорад, чун Вазоарти умури хориҷӣ муҳлати аккредитатсияи ӯро тамдид накардааст.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Абдуллох

  • 1 май 2013 07:41
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Радиои озоди моли бегона хаст ва манфиати бегонагонро пеш аз хама менигарад
Посух додан
  • Мухлис

  • 1 май 2013 15:01
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Моли бегона аст ё багона манбаи иттилооти дакику фаври ин Озоди буд хаст ва мемонад. Шахсан дар як руз аз дах маротиба зиёд аз Озоди дидан менамоям. Аз хамаи коргарони он хеле миннатдорам ки хидмати калон кардаанд ва чандин бор хама расонахо истирохат мекарданду у гузориш медод. Каюмзод хам ачаб одам будааст. Маколи касоси Исо аз Мусоро ба ёд меорад. Охир ВКХ акредитасия надихад айби Озоди дар чи?
Посух додан
  • Мухлис

  • 1 май 2013 15:02
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Моли бегона аст ё багона манбаи иттилооти дакику фаври ин Озоди буд хаст ва мемонад. Шахсан дар як руз аз дах маротиба зиёд аз Озоди дидан менамоям. Аз хамаи коргарони он хеле миннатдорам ки хидмати калон кардаанд ва чандин бор хама расонахо истирохат мекарданду у гузориш медод. Каюмзод хам ачаб одам будааст. Маколи касоси Исо аз Мусоро ба ёд меорад. Охир ВКХ акредитасия надихад айби Озоди дар чи?

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!