Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 5 декабр 2016, 05:25

Иброҳим Усмонов: Радиои Озодӣ бояд Қаюмзодро бо кор таъмин намояд

1 май 2013, 15:09

Проефессор Иброҳим Усмонов, раҳбари Бунёди "Муколамаи Тамаддунҳо", мегӯяд, Радиои Озодӣ бояд, Абдуқаюми Қаюмзодро бо кор таъмин намояд.

Иброҳим Усмонов дар суҳбат ба «Озодагон» гуфт, «агар Абдуқаюми Қаюмзод ба ҳайси хабарнигори Радиои Озодӣ дар Тоҷикистон натавониста, ки сабти ном шавад, вазифаи Радиои Озодист, ки ӯро ба идораи марказиаш даъват намуда, ба кор таъмин намояд».

Ба андешаи ин донишманди тоҷик, Радиои Озодӣ танҳо дар сурате метавонад, шартномаи худро бо кормандаш қатъ намояд, ки он нафар аз уҳдаи вазифаи худ набарояд. «Агар Қаюмзод ҳамчун хабарнигори Радиои Озодӣ вазифаи худро дар Тоҷикистон иҷро накарда бошад, пас, бояд расман бигӯянд, ки натавонистӣ масъулияти ба дӯш доштаатро иҷро созӣ ва аз ин рӯ, аз кор барканор шудӣ. Агар иҷро карда тавониста бошаду бо кадом як сабаб аккредитатсия нашуда аст, пас, ӯро мебоист ба ҷои дигар барои кор мефиристоданд.»

Ахиран, шаш созмони хабарнигории Тоҷикистон ва як ҳизби сиёсӣ Радиои Озодиро таҳрим карданд. Иброҳим Усмонов мегӯяд, агар ин таҳримҳо асос дошта бошад, бе таъсир нахоҳад буд. «Агар ман хабарнигори Радиои Озодӣ бошам ва бо гуноҳи радио аз кор ронда шавам ё дар талошҳои кориям радио дастгирӣ накунад, дар ин сурат ҳамкасбонам маро дастгирӣ кунанд, инро иқдоми дуруст меҳисобам»,-афзуд донишманди тоҷик.




Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Холик

  • 1 май 2013 15:55
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Агар карор бошад, ки радиои Озоди Абдукаюмро ба кор таъмин кунад, чаро дигаронро накунад. Хамаи онхое, ки аз Озоди рафтанд ва ё раовнад шуданд, аксаран чавобгуи касби худ хастанд ва буданд. Магар Саёфи Мизроб, Рахматкарими Давлат, Зулфикори Исмоилиён хабарнигори муваффак нестанд? Чаро бояд факат Каюмзод баркарор шавад будаст? Э бало расад ба махалгарои дар Точикистон э! Ман бовар дорам, ки онхо бар гаштани нсетанд, аммо масъала бояд усули аз суи профессор матрах шавад.

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!