Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 7 декабр 2016, 17:28

Фархор бо малахҳои Афғонистон «ҷанг» эълон кард

2 май 2013, 10:21

Дар ноҳияи Фархор дар майдони 7 ҳазор гектар малах ба қайд расидааст.

Насруллоҳ Валиев, сардори Раёсати кишоварзии ноҳияи Фархор ба «Озодагон» гуфт, ки
«малах дар ҳудуди ноҳия дар мавзеи Қаратов, дар куҳдомани Сиёҳкуҳ ҳамасола ба қайд гирифта мешавад. Бо амали коркарди химиявӣ ин ҳашаротро маҳв мекунем, аммо дар мавсими дигар, аз марзи Афғонистон ба ин тараф мегузарад».

Ба иттилои манбаъ, то имрӯз дар майдони зиёда аз 3600 га коркарди химиявӣ ба анҷом расидааст. Барои нобуд сохтани малах 240 нафар бо истифода аз 20 дастгоҳи муҳаррикӣ, 30 дастгоҳи дастї ва 1 трактори ОВХ сафарбар гаштаанд.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!