Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 27 март 2017, 16:47

Одамрабоён дар Қазоқистон бештар аз 21 то 29-солаҳоро медузданд

2 май 2013, 16:47

Кумитаи омори ҳуқуқ ва ҳисоби махсуси прокуратураи генералии Қазоқистон мегӯяд, дар ин кишвар бештар одамони синни аз 21 то 29 рабуда мешаванд.

Ин кумита гуфтааст, дар 12 моҳи соли 2012 бо моддаи «одамрабоӣ» 81 ҷиноят сабт шуда, давоми се моҳи соли 2013 бошад, 38 ҳолати нақзи қонун қайд гардидааст: "Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки аз ҳама бештар одамони аз 21 то 29 сола рабуда мешудаанд. Дар давраи нишондодашуда 37 нафар қурбони одамдӯздӣ гардидаанд, ки аз 21 то 29 сол доштаанд. 19 нафари аз 18 то 20 соларо низ дуздидаанд. Аз ҳама камтар одамони аз 40 то 49 сола ҳадафи одамрабоён қарор гирифтаанд, ки теъдодашон ба 11 мерасад.”

Кумитаи омори ҳуқуқ ва ҳисоби махсуси прокуратураи генералии Қазоқистон гуфтааст, дар соли 2012 далелҳои бештари одамрабоӣ дар шаҳри Алмаато (18 далел) сабт гардидааст. Дар соли 2013 бошад, омор тағйир хӯрдааст. Дар семоҳаи авали соли равон дар вилояти Қазоқистони Ҷанубӣ ҳашт ҳолати дуздидани одамон ба қайд расидааст. Ба ҷуз ин, агар дар соли сипаришуда бар асоси моддаи «одамрабоӣ» 73 нафар ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида шуд, паст давоми моҳҳои январ-март ҳафт кас муҷозот гардид.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!