Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 7 декабр 2016, 17:30

«Beeline»-у «Tcell» дар рӯзи озодии баён ҳам «Озодагон»-ро боз накарданд

3 май 2013, 11:47

Дастрасии муштариёни ду ширкати мобилии Тоҷикистон ҳанӯз ҳам ба торнамои хабаргузории «Озодагон» маҳдуд аст.

Тайи як ҳафтаи ахир муштариёни «Beeline» ва «Tcell», ду ширкати мобилӣ дар Тоҷикистон, наметавонанд ба торнамои «Озодагон» ворид шаванд. Муштариёни ин ширкатҳо мегӯянд, аз шоми рӯзи 25-уми апрел чунин мушкил пеш омадааст. Ба гуфтаи онҳо, сомонаҳои дигар ҳеч мушкил надоранд, танҳо «Озодагон» дастнорас аст.

Субҳи имрӯз, 3-юми май, аз ширкати «Tcell» ба хабарнигори «Озодагон» гуфтанд, давоми ду соати дигар ин мушкилро рафъ месозанд, аммо то ҳол муштариён наметавонанд торнаморо боз намоянд. Масъулини «Beeline» бошанд, баъд аз як ҳафтаи муроҷиат танҳо имрӯз посух гуфтанд, ки «ҳар вақт мушкил бартараф шуд, шуморо огоҳ мекунем».

Қаблан муштариёни ширкати «Мегафон», яке аз дигар ширкатҳои фаъоли мобилӣ низ гуфтанд, ки наметавонанд, ба торнамои “Озодагон” ворид шаванд. Аммо бо гузашти танҳо як ҳафта аз ин мушкил ва пойфишориҳои “Озодагон” ин мушкил рафъ гардид.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Масъалаи Билайнро намедонам, аммо тавассути Тселл сомонаи "Озодагон" бе мамоният кушода мешуд ва мешавад. Яъне нисбати ин матолибатон дуруг мебошад. Зеро ман шахсан тавассути хизматрасонии ин ширкат ба интернет ворид мешавам. То кунун сомонаатон ба ин василаи баёнгардида кушода мешуданд wink

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!