Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 22:42

Раиси “Созандагони Ватан” ба ҷавонони Бадахшон посух гуфт

3 май 2013, 17:15

Адҳам Мирсаидов, раиси ташкилоти “Созандагони Ватан”, қаноти ҷавонони Ҳизби ҳокими халқӣ демократии Тоҷикистон бо пахши як иттилоия, изҳороти ҷавонони Бадахшонро бепоя хондааст.

Мирсаидов рӯзи 3-юми апрел иттилоия пахш карда, ҷавонони Бадахшонро, ки изҳороти қаблии «Созандагони Ватан»-ро ба маҳалгароӣ мансуб донистаанд, ноҳақ хондааст.

Раиси “Созандагони Ватан” афзудааст, “набояд фаромўш кард, ки ҷавонони аъзои «Созандагони Ватан» ва ҲХДТ Ваҳдати миллиро арҷгузорӣ намуда, ҳеч манфиатро болотар аз он нахоҳанд гузошт. Ҳамзамон он вокунише, ки ҷавонони Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон дар ҷавоб ба мавқеъгирии мо пахш карданд, қобили қабул нест, зеро «Созандагони Ватан» манфиати ҳеч кадом минтақаи кишварро боло нагузоштааст.”

Дар идома Мирсаидов далел меорад, ки «аввалин шуда ташкилоти мо нисбат ба қатли Парвиз Бобобеков (Давлатбеков, -Озодагон) дар шаби соли нави 2012 изҳорот мунташир карда буд. Илова бар ин марги Сабзалӣ Мамадризоев, раҳбари бахши ҲНИТ дар Бадахшонро новобаста аз мавқеъгирии сиёсӣ мо ҳамчун як фарди ҷавони кишвар маҳкум карда будем. Аз ҳамин хотир ман аз тамоми ҷавонони Бадахшон даъват ба амал меорам, ки нагузоранд, то ҳар гуна гурўҳҳои манфиатҷў аз нерўи ҷавонон бо ҳадафҳои ғаразнок суйиистифода кунанд».

Қаблан “Созандагони Ватан” бо пахши як изҳорот латту кӯби Алишер Чақалов, як сокини Душанберо аз ҷониби гуруҳи ҷавонон дар Хоруғ маҳкум карда, таъкид кардааст, “бори аввал нест, ки сохтмончиёне, ки аз тамоми гӯшаву канори мамлакат барои ободкориву созандагӣ ба ВМКБ сафарбар мешаванд,аз ҷониби гуруҳҳои алоҳидаи ҷавонони маҳаллӣ мавриди таҳдид ва ё таҳқиру латукӯб қарор мегиранд.”

Як гурӯҳ аз ҷавонони фаъоли Бадахшон ба нигаронии Созандагони Ватан посух гуфта таъкид кардаанд, ки латту кӯби сохтмончиён -- Тошмуродов ва Чақалов дар Хоруғ онҳоро низ ба ташвиш овардааст, вале шеваи нигаронии ҷавонони ҲХДТ онҳоро бетараф гузошта наметавонад. Зеро ба гуфтаи онҳо, Созандагони Ватан ин вазъро чунин тавсиф карда, ки миёни сокинони дигар манотиқи кишвар нисбат ба зодагони Хоруғ бадбинию душманиро ба вуҷуд меорад.

“Мо намефаҳмем, ба чӣ хотир ҷиноҳи ҷавонони бузургтарин ҳизби кишвар мардумро ба гумроҳӣ мебаранд ва дар асоси он чунин изҳорот мекунанд”,-таъкид шудааст дар номаи ҷавобии ҷавонони фаъоли Бадахшон.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • диловар

  • 3 май 2013 18:00
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
«Созандагони Ватан» ва ҲХДТ ,набояд фаромуш кард ки махз шумо Ваҳдати миллиро зери по кардед, озодии вичдонро ба пой задед, хукукхои махз толибилмону донишчуёнро поймол кардед, , дар тамоми мусисахои давлати коргарони фасодхури дуруггуй аз аьзохои шумост, шумо як аьзое хастет ки агар касе хизбатонро этироф накунад ба у агар ки дар амрико хонда бошад дар муассисахои давлати рох намедихед, хизби шумо махалгарову мансабпараст аст, бо рохохи такалуби аьохотона ба 200000 расондед (яьне аьзои мо шав имтиез мериги) ва гайрахо
Посух додан
  • Тахлилгар

  • 3 май 2013 21:34
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Адхам Мирсаидов барои чи азин фурсат хам истифада накардед ки дар бораи муовини хизби нахзати исломии Точикистон харфе бигуед? Оё Махмадалии Хайит аз чумхурии Узбекистон аст?
Посух додан
  • 300

  • 4 май 2013 08:47
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
дар холи хозир бо дар назардошти вазъи кунунии дар ВМКБ, ки баъд аз амалиёти низомии ахир ва хамчунин эъзоми дубораи сарбозон ба ин минтака, гуё барои анчоми машкхои низомии зидди терористи(ба ин кам касе бовар дорад, бахусус дар Бадахшон) ба вучуд омадааст, нашри чунин баёния танхо ба ин маънихо - махалгарои, гараз нисбати мардуми Бадахшон ва бадном кардани ин мардуми шариф пазируфта мешавад.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ин пархои бе боли ХХДТ, шояд намефахманд, ки чунин изхоротхои беандешонаи по дар хаво, чун теша ба решаи сулху суботи чомеаъ мебошад.

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!