Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 29 апрел 2017, 12:35

Дуздӣ: Дар Хуҷанд манзили шахсӣ ва дар Тавилдара мағозаро ғорат карданд

11 июл 2011, 06:22

Манзили истиқоматии як сокини шаҳри Хуҷанд мавриди ғоратгарии дуздон қарор гирифт.


Тавре ба хабаргузории «Озодагон» аз дафтари матбуотии ВКД иттилоъ доданд, шахсони номаълум вориди хонаи Бисалима Раҷабова, истиқоматкунандаи  маҳаллаи-12, хонаи  11, ҳуҷраи  98   гардида, аз  он ҷо 6.800 доллари ИМА, 10.000 сомонӣ, 1-адад гарданбанди тиллоии арзишаш 400 сомониро дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Манбаъ афзуд, барои муайян ва дастгир кардани ҷинояткорон чораҳои фаврӣ -ҷустуҷӯӣ идома дорад.
Ҳамчунин, ба ҳамин ҳодиса монанд  дар ноҳияи Тавилдара аз  моҳи сентябри соли 2010 то моҳи июни соли равон  шахсони номаълум мунтазам бо тариқи интихоби калид, вориди мағозаи шаҳрванд  Давлатхоҷа  Ризвонов   мешаванд. Аз  он ҷо ашёҳои рӯзгорро  ҷамъ ба маблағи 6500 сомонӣ ба яғмо бурданд. Аснои баргузории амалиёти вижаи кормандони милиса,  ноболиғ Меҳроҷиддин Расоеви 17- сола ва Сабзалӣ Шарипов, сокинони  ҷамоати  Чилдара, деҳаи  Ғурқ  дастгир карда шуданд.  {jathumbnail off}


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Апрел 2017    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!