Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 00:39

Хобгоҳи Донишгоҳи миллӣ: Номи калону шаҳри вайрон?

4 май 2013, 10:07

Бо супориши редаксия маъмур гаштам, то аз хобгоҳи № 6-и Донишгоҳи миллии ҶТ дидан намоям. Ахиран атрофи ин хобгоҳ ва проблемаҳои он сару садоҳо баланд шуд, аз қабили норасоии об, дар сатҳи паст қарор доштани вазъи санитарии он, хоссатан қазияи донишҷӯдухтаре, ки бо қасди гирифтани об дар наздики чоҳ афтида, осеби ҷисмонӣ бардоштааст. Бар замми ин вазъи хобгоҳ ба талаботи замона, низ ҷавобгу нест. Мавриди зикр аст, фасодиҳо ва фиребҳое, ки инсоният алайҳи инсон раво мебинад, бо ҳар роҳу усул пинҳонаш медорад, ба чашми мардуми фақиру бечора хок мепошад, рӯзе бо амри тақдир ошкор ва ҳиллагарон расвои назди мардум хоҳанд гашт.

Атрофи ин мушкилоте, ки тӯли солҳост роҳи ҳалли худро пайдо накардааст, ҳадс заданро ба худ раво надидему хостем вазъро аз наздик бубинем, аз забони масъулин ва донишҷӯён шунавем. Чуноне ба мо маълум сат, хобгоҳи мазкур дар шафати боғи пойтахт ва роҳи калон ҷой гирифта, аз чашми мардум дур нест. Аз ин сабаб баъзе мушкилот ва камбудиҳое, ки ба вуҷуд меоянд, аз чашм махфӣ нахоҳанд монд. Аз ҷумла инҷониб борҳо мушоҳида намуда будам, гурӯҳ-гурӯҳ донишҷӯҳоро, аз чоҳе, ки дар наздики бинои хобгоҳ аст, ба ошёнаҳои боло бо заҳмати зиёд об мебароранд. Зоҳиран бино музайян ва нағз ороиш дода шудааст, аммо мутаассифона дохили он аз зоҳираш тафовути бузург дорад. Яке аз устодони ДМТ, низ айнан ин суханро таъкид карда буд. Рӯзе корамон уфтоду ҳамроҳи ӯ ба хобгоҳ рафтем, корамонро ба анҷом расонида пасон хориҷ шудем, паҳлӯи ҳам ҳаракат доштем ман боре рӯямро ба пушт гардонида ба сурати берунии бино назар карда гуфтам, зоҳиран бино хело зебо аммо даохили он на онқадар хуб будааст.

Ӯ бо изҳори таассуф сухан оғоз намуда гуфт мо зоҳиран хубему, дохиламон хароб аст. Устод зикр намуд, ки дар шабакаҳои телевизионии Русия мушоҳида мекунам нафаронеро ба намоиш мегузоранд, ки қабл аз муаррифӣ бинанда гумон мекунад, ки ягон нафари барҷомонаву бехонаву дар аст. Мӯи сар дароз, риши тӯлкашида, бидуни галстуку шиму кастум. Аммо пас аз шиносоӣ маълум мешавад, ӯ бехонаву дар неву прафессори фалон илм, ё ихтироъгари фалон моддаи бузург аст. Дар ҳақиқат чунин аст онҳо ба болотарин кашфиётҳо ноил мегарданду сатҳи зиндагияшон рӯз аз рӯз беҳтару хубтар мешавад, аммо мо бошем то ҳол масъалаи галстуку риш ва пушидани кадом навъи попуширо дар донгишгоҳҳо, ҳал накардаем. Боварӣ дорам хонандаи мо аз ин гуфтаҳо тааҷҷуб намекунад, чунки дар мо зоҳирсозӣ ва ботинхаробӣ як падидаи муқаррарист.

Идрисов: мо қудрат дорем, хобгоҳро бо оби доимӣ таъмин намоем, аммо...

Ба назар мерасид, аксари донишҷӯҳо дар ин хусус ба таври возеҳу ошкор чизе гуфтан намехостанд, танҳо ҳама хуб аст мегуфтанд. Шояд сабаб дошта бошад. Донишҷӯдухтари курси 4-и шӯъбаи шарқшиносӣ, ки нахост номашро зикр кунад, дар сӯҳбат бо мо гуфт, аз шароити хобгоҳ шикояте надорад об низ мавҷуд аст. Мусоҳиби мо мегӯяд: “Мо аз об танқисӣ намекашем ба истиснои баъзе ҳолатҳои техникӣ. Қувваи барқ низ доимӣ ҳаст. Вазъи дохилии бино бошад дар аввал хуб буд, аммо ин харобиҳое, ки алон ба назар мерасад, ба худи донишҷӯён вобастагӣ дорад. Хулласи гапро гӯям ман шахсан аз ҷои зистам розиям, чунки дигар макони зист надорам, Ҳадди ақал дар Душанбе ягон хешу ақрабо ҳам надорам, то хобгоҳро тарк карда ба онҷо равам. Аз ин сабаб маҷбурам бо вуҷуди ҳама шароиташ инҷо боқӣ монам. маблағи солона, низ ба мо донишҷӯён нисбатан, ки 300 сомонӣ аст, муносиб мебошад”. Ба гуфти Шамсуллоев Шамсиддин курси 4-и шуъбаи геология, ки макони зисташ дар ошёнаи 9-ми бино аст. Дар як шабонарӯз 3 маротиба 3 соатӣ об медиҳанд. Аз ин сабаб дар ҳолати қатъ шудани об мо маҷбур мешавем, то аз поён ба ошёнаи 9-ум об барорем, ки ин барои мо мушкилӣ эҷод мекунад. Лифтҳам кор намекунад агар онро ислоҳ мекарданд, хело кори моро осон мекард. Мусоҳиби мо мегуяд, тӯли 4 сол аст дар ин хобгоҳ истиқомат мекунад мутаассифона якборҳам надидааст, ки ин лифт кор карда бошад”.

Дар ошёнаи 9-ум бо нафари дигар во хурдем ӯ ба мо гуфт, ки дар ҳоли ҳозир дар баъзе ҳуҷраҳо об вуҷуд дорад дар баъзеи дигараш не. Дари ҳуҷраи дигарро куфтам нафаре дарро кушод, ҷамъе аз донишҷӯён нишаста буданд. Ташноби дастшӯии паси дар бударо назар карда ҷумакашро кушодам аслан вайрону валангор буд ҳоло доштани об як тараф истад. Аз онҳо пурсидам шароити хобгоҳ ҳама дуруст аст? Нафаре аз онҳо гуфт мо ягон шикоят надорем ҳама хуб аст. Иброҳим идрисов, ки худро мудири хобгоҳ муаррифӣ кард, дар сӯҳбат бо мо чунин гуфт: “Аслан таъмини об ба таври доимӣ дар мо проблема нест. Мо қудрат дорем, обро пурра таъмин намоем, лекин исроф мешавад. Чунки дар шаб ба об эҳтиёҷ нест, ҳангоми дар дарс будани донишҷӯҳо низ. Бар замми ин аз фурсат истифода бурда моторҳои обкашро хунук мекунем”. Ба андешаи шахси оқил об дар шабҳам лозим аст, лекин мо дар шаб не, балки дар рӯз обкашии онҳоро мебинем.” Идрисов мегуяд, дар ҳақиқат лифт кор намекунад, ба гӯфташ ӯ тӯли як сол мешавад, ки дар ин хобгоҳ ба ҳайси мудир фаъолият мекунад, аз ин сабаб баъзе камбудиҳоро нав пайдо кардааст аз ҷумла лифт. “ин лифт як камбудӣ доштааст нав пайдо кардем бо устои махсуси ин кор гапзанон кардем, то соли хониши нав дурусташ мекунем”.

Ваъда медиҳам, ки то соли хониши нав ҳама камдбудиҳоро бартараф мекунам...

Дар хусуси духтари аз баҳри об латхурда, мудири хобгоҳ Иброҳим Идрисов ба мо гуфт, ки “духтарони аз ноҳияҳои дурдаст омада, ҳоло бо муҳити пойтахт ошно нестанд, тарзи ҳаракату рафтуоро хуб наомухтаанд аз ин хотир ба мушкилиҳои зиёд рубару мешаванд, ки ин бо мурури вақт аз байн хоҳад рафт. Қазия чунин буд, духтаре ҳангоми обгирифтан ба кадом шакл мо намедонем, лекин дар дохили чоҳ не, балки дар берун афтидааст мо онро оҷилан ба беморхонаи Қарияи боло бурдем ҳоло бошад шифо ёфтааст”. Аз раванди кор маълум аст, ки донишҷӯён бисёр вақт аз оби нӯшокӣ танқисӣ мекашанд. Иброҳимов Идрис, мегӯяд “Ман боварӣ дорам, ки то соли нави хониш ин камбудиҳо бартараф хоҳанд шуд. Тибқи ваъдаи мудир то соли хониши нав ягон праблема дар хобгоҳи мазкур боқӣ нахоҳад монд, чунки ӯ қавл дод, ки шумо соли хониши нав ба инҷо биёед агар ин мушкилиҳо бартараф нашуда бошанд дигар асло моро бовар накунед.

Хулоса агар дар умум вазъи сохтумонӣ ва лавозимоти хобгоҳро назар кунӣ яқин ҳосил менамоӣ, ки ба талаботи замона ҷавобгӯ набуда, ва пуле, ки аз ҳисоби донишҷӯҳо ба даст меояд, дар макони худаш харҷ нашуда истодааст. Чунки, ки бар асоси гуфтаи мудир дар хобгоҳи мазкур 940 донишҷӯ сукунат мекунад. Маблағи солона аз ҳар донишҷӯ 300 сомонӣ аст, дар маҷмӯъ маблағи яксола ба 282000 ҳазор сомонӣ мерасад, ки ин тақрибан аз 70 ҳазор доллари амрикоӣ зиёдтар аст. Акнун суоли матраҳ ин аст, ки ин маблағи ҳангуфт дар кадом роҳ ва ба кадом тариқа харҷ карда мешавад? Оё имкон надорад қисми каме аз ин пулҳоро дар беҳтар намудани сифати хобгоҳ сарф кунанд? Ин суол, низ аз зумраи дигар суолҳоест, ки посухи худро пайдо накардааст.

Қадриддин ИСОЕВ


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Муаллим аз ДМТ

  • 13 май 2013 15:39
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ин хобгох ифлостарин чой шудааст ва гунохи худи сокинони ин макон дар ин "дастовард" калон аст. На духтар ва на писар ба тозагии чойи имтикомати худ ахамият намедиханд. Вакте барои тафтиш ба ин хобгох меравед (хар сари чанд вакт устодони донишгох ин чойро тафтиш мекунанд, аз тачриба мегуям), вакте дари хонаи ё духтар ё писаронро мекушоед аз буйи гализи хона ба кавли бибам "дамат мегирад". Ошхона ва чойи истирохати танхо замони кушодашави тозаву озода буд, холо ин чойхо агар забон медоштанд шояд аз холи зори худ шикоят мекарданд.

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!