Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 11 декабр 2016, 18:54

Кумисюн санҷиши қаторҳои Тоҷикистонро анҷом дод: Русия дурӯғ мегӯяд!

6 май 2013, 11:38

Кумисюни вижа ё махсуси Тоҷикистон баъд аз санҷиши қаторҳои ин кишвар изҳороти бархе аз мақомоти баландпояи Русияро бепоя хонд. Аъзои ин кумисюн аз 26-уми апрел то 5-уми май қаторҳои Тоҷикистонро, ки аз Душанбе ба самти Маскав мерафтанд, мавриди санҷиш қарор додааст.

Дар авохири моҳи апрели соли ҷорӣ вазъи техникиву санитарии қаторҳои Тоҷикистон мавриди интиқоди шадиди баъзе аз роҳбарони Русия қарор гирифта ва ин пешниҳодҳо низ садо дода буданд, ки вуруди қаторҳои Тоҷикистон ба Русия манъ шавад.

Журналист Ато Мирхоҷа, ки дар ҳайати ин кумисюн буд, рӯзи шашуми май ба “Озодагон” гуфт, “аз рӯи инсоф бояд гуфт, дар қаторҳои Тоҷикистон ҳолати санитарӣ муътадил буда, ҳангомае, ки филми гӯиё мустанади Мамонтов "Шайтон-поезд" ба вуҷуд оварда буд, ҳамааш сохта ва фармоишист.”

Оқои Мирхоҷа афзуд, азбаски муҳоҷирони мо дар бадтарин шароит ва бо арзонтарин музд дар Русия кор карда, 10-15 нафар дар манзили якҳуҷраӣ ё таҳхонаҳо "зиндагӣ" мекунанд, дар назари мардуми Русия тамоман беқадр шудаанд.

Мусоҳиби мо илова кард, “хулосаи банда аз сафари 10-рӯзаи гурӯҳи корӣ оид ба санҷидани қаторҳои Тоҷикистон дар масири ҳаракаташон то Маскав чунин аст: Русиягиҳоро ворид намудани ҳероину таблиғоти бисёр вақт ифротгароёнаи дини Ислом ба ташвиш овардааст.”

Ширкати Роҳи оҳани Тоҷикистон низ чанде қабл бо пахши як иттилоия изҳороти мақомоти воломақоми Русия дар бораи вазъи бади санитарии қаторҳои Тоҷикистонро беасос хонда буд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Искандар аз Поворино

  • 6 май 2013 15:17
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Акнун ба проводнихо 700-1000 рубли надихем?
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Начандон душвор аст навор аз вазьи катора аз хисоби хеш карда ба ютюб гузоред то мардум аз вазьи хол шинос шаванд сафсатаи бисьери бе далел ба хеч кас даркор нест,Кадамро бо замона шояд гузошт

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!