Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 05:22

Таваллуд дар кадоме аз кишварҳои Осиёи Марказӣ бехатар аст?

8 май 2013, 16:54

Туркманистон ва Қазоқистон дар миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ беҳтарин макон барои таваллуд муаррифӣ шудаанд. Созмони байналхалқии Save the Children дар гузориши худ таҳти унвони “Зинда мондан дар рӯзи аввал” Туркманистон ва Қазоқистонро нисбат ба дигар кишварҳои пасошӯравӣ беҳтарин макон барои таваллуд эълон намудааст.

Дар радабандии ин созмон ин ду кишвар миёни 176 давлати дунё, ба тартиб дар мақоми 99 ва 65-ум қарор гирифтаанд. Ин дар ҳолест, ки дар ин феҳрист номи Қирғизистон дар мақоми 104, Узбакистон 105 ва Тоҷикистон 124-ум ҷой дода шудаанд.

Ба иттилои ин созмон дар Тоҷикистон танҳо дар соли 2010 430 маргу мири модарон ба қайд гирифта шуда, аз 1000 тифли навзод 63 нафарашон мефавтанд, ки ин нишондод нисбат ба дигар кишварҳои минтақа хеле зиёд мебошад.

Беҳтарин макони дунё барои таваллуд Финландия шинохта шуда, кишвари африқоии Конго бадтарин макон эълон гардидааст. Гуфта мешавад, созмони Save the Children дар гузоришҳои худ вазъи сиҳҳати модарону кӯдакон ва ҳолати иқтисодии 176 кишвари дунёро мавриди баррасӣ қарор медиҳад, ки то кунун 14 гузориши он нашр гардидааст.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Дар Чумхурии Точикистон дар ягон давру замон маргу мири модарон ба 430 ходиса дар як сол ба кайд гирифта нашудааст ва нахохад шуд. Дар соли 2010 ин нишондиханда дар асоси пажухишхои мустакил анкариб дар худуди 70 нисбати 100000 зиндатаваллуд карор дошта дар асоси омори расмии тандурусти дар худуди 48 нисбати 100000 зиндатаваллуд карор доштааст. Вазъи кунунии маргу мири модарон дар Точикистон дар асоси корхои илмии банда ки бевосиста ба хамин масъала бахшида шудааст дар худуди 70-75 нисбати 100000 зиндатаваллуд баробар аст.

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!