Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 11:10

Тоҷикистон ҳоло ҳам дар зинаи 112-ум аст

10 май 2013, 15:31

Тими миллии Тоҷикистон дар рейтинги моҳи апрелии FIFA, Федератсияи байналмилалии футбол, ки рӯзи гузашта нашр шуд, мавқеашро тағйир надодааст.

Яккачини футболи Тоҷикистон мисли моҳи март дар зинаи 112-ум қарор дорад. Мунтахаби Тоҷикистон, ки 312 имтиёз дорад миёни тимҳои миллии кишварҳои пасошӯравӣ дар ҷойи 10-ум аст.

Дар садри рейтинг ҳамоно мунтахаби Испания нишастааст. Тими миллии Олмон дар зинаи ду ва Аргентина дар ҷои сеюманд. Панҷгонаи аввалро тимҳои Хорватия ва Португалия пурра мекунанд.

Тими миллии Гранада, ки якбора ба 20 зина боло рафт, беҳтарин тими моҳи сипаришуда эълон шудааст. Заифтарин даста тими миллии Сент-Винсента ва Гренадин шинохта шудааст, ки аз мақоми 121 ба ҷои 131 фаромад.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!