Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 5 декабр 2016, 21:34

Агентии назорати маводи нашъадор ба хонаи пиронсолон кӯмак намуд

11 июл 2011, 12:07

Хонаи бепарасторони «Батош», воқеъ дар ноҳияи Турсунзода кӯмаки навбатӣ дарёфт кард.


Аз Агентии назорати маводи нашъадори назди президенти Тоҷикистон, ки созмондиҳандаи ин иқдоми башардӯстонаанд, ба “Озодагон” гуфтанд, кӯмакҳо асосан аз молҳои хоҷагӣ (аз ҷумла ба маблағи қариб 2000 сомонӣ мебел) иборат буд. Ба иттилои манбаъ аз соли 2001 то ин ҷониб агентии назорати маводи нашъадор ба хона-интернати “Батош” ба маблағи бештар аз 80 ҳазор сомонӣ кӯмак расондааст. Илова ба молҳои хоҷагӣ, маводи озуқа ва доруворӣ барои беморон ва кӯҳансолон, техникаи зиёди маишӣ харидорӣ ва тақдим шудааст.
Хонаи пиронсолони “Батош” соли 1972 таъсис ёфта, айни замон макони будубоши 174 нафари аз 26 то 87-сола мебошад.
Гуфта мешавад, ёрии башардустона тибқи дастури президенти Тоҷикистон “Оид ба расонидани кӯмак ба маҷрӯҳон ва собиқадорони ҶБВ ва меҳнат, хона-интернатҳо, оилаҳои мӯҳтоҷ”, ки ба шарафи Рӯзи маъюбон ва одамони кӯҳансол дода шудааст, амалӣ мегардад. {jathumbnail off}


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!