Китобхонаи миллии Тоҷикистон, ки сохтмонаш дар арафаи анҷомёбист боз соҳиби 4 ҳазору 50 китоби дигар шуд.
Ин миқдор китобро Гул Шералӣ, вазири энергетика ва саноати кишвар аз ҳисоби вазоратхонааш ба китобхона ҳадя намуд. Китобҳои тақдимкардаи вазорат асосан асарҳои оммавӣ, сиёсӣ, таърихӣ ва фанниву бадеӣ будаанд. Аз маркази матбуотии вазрати энергетика ва саноат ба хабаргузрии «Озодагон» гуфтанд, ки бовар доранд, китобҳои тақдимшуда захираи китобхонаи миллиро пурратар гардонида, дар баланд бардоштани сатҳи донишу маърифтатнокии хонандагон ва дӯстдорони китоб мусоидат мекунад. {jathumbnail off}
Мӯҳр