Беш аз 6 ҳазор нақзи қонуни замин дар 6 моҳ
Дар нимсолаи аввали соли равон дар Тоҷикистон 6 ҳазору 191 ҳолати вайронкунии қонунгузории замин ошкор гардидааст.
Маҳмадтоир Зокиров, раиси Кумитаи давлатии заминсозӣ ва геодозӣ имрӯз,15-уми июл, зимни нишасти матбуотӣ гуфт, нисбати 3908 ҳолати ошкоршуда, ба маблағи 1 миллиону 303 ҳазору 765 сомонӣ ҷарима баста шудааст. Номбурда илова намуд, ки нисбати 5239 ҳолат дастур, нисбати 3886 ҳолат пртокол тартиб додаанд.
Маҳмадтоир Зокиров иброз дошт, ки барои чораҷӯӣ намудан дар самти вайронкунии қонунгузории замин 347 мавод ба прокуратура ирсол намудаанд.
Ба қавли Зокиров, дар ин нимсола 443 мавод барои ба таври маҷбурӣ ситонидани маблағи ҷаримаҳо ба судҳо фиристодаанд: «Дар ин давра 3 ҳазору 648 ҳолати вайронкунии қонунгузории замин дар маҳал бартараф карда шудааст».
Раиси Кумитаи давлатии заминсозӣ ва геодозӣ қайд намуд, ки дар 6 моҳаи соли ҷорӣ ягон ҳолати ғайриқонунии харидуфуруши замин ба қайд гирифта нашудааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 |
8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 |
15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 |
22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 |
29 | 30 | |