Нақшаи андози давлатӣ дар ноҳияи Ховалинг аз рӯи ҳамаи намудҳои он иҷро гардидааст.
Воридот ба буҷа ҳудуди 3 миллиону 821 ҳазор сомониро ташкил додааст, ки 1 миллиону 459 ҳазори он беш аз нақшаи пешбинишуда аст. Дар ин бора Султон Валиев, райиси ноҳияи мазкур иброз дошт. Дар ҳамин ҳол, бақияпулӣ ё ба истилоҳ, қарзи андози давлатӣ низ дар ин маврид аз ҷониби андозсупорандагон рўпўш шуда меояд. Баъди нимсолаи аввал, бақияпулӣ аз андоз ҳамагӣ 281-сомониро ташкил медиҳад.
Валиев афзуд, кӯшиши он дорем, ки ҳарчӣ тезтар қарзҳои андозро канда, дар оянда барои баромадан аз дотатсияи давлатӣ меҳнат намоем. Ба иттилои ӯ, соли гузашта ноҳия 69-фисад аз ҳисоби дотатсияи ҳукумати марказӣ маблағгузорӣ мегашт. Дар нимсолаи аввали имсол аллакай он то ба 58-фисад поин омад. «Ният дорем, то охири сол боз то ба 10-фисади дигар аз маблағгузории давлат берун бароем», мегўяд раис.
Бояд гуфт, аз ҳисоби мабалғҳои даромадшуда, дар ноҳия аввалан қарзҳои гузашта аз андоз пардохт гардидаву инчунин 3-бунгоҳи тиббӣ сохта шуда, ҳамзамон, таъмири Маркази саломатӣ дар ҷамоати Лоҳутӣ, 500-ҳазор сомонӣ барои бунёди варзишгоҳи марказӣ, толори варзиш, 1-мактаби таҳсилоти миёнаи нўҳсола ва 46-ҳазор сомонӣ барои таъмири роҳҳои нақлиётгард масраф гардидаст. Ҳамчунин, дар рустои баландкўҳи Сангдара низ бо истифода аз ҳамин маблағ, обёрии деҳа аз масофаи беш аз 3-километр ба роҳ монда шуд. {jathumbnail off}
Мӯҳр