Мушкили раиси Қубодиён бо “37-38-ум пушти ҳазрати Муҳаммад”
Саъдулло Бекназаров, раиси ноҳияи Қубодиён, мегӯяд, талоши онҳо барои дар роҳи дуруст андохтани ду-се хонаводаи деҳаи Қизилнишон, ки аз онҳо ба унвони “ифротгаро” ном бурда мешавад, бенатиҷа будааст. Ӯ дар як нишасти хабарӣ гуфт, ҳатто баргузории маҷлису ташкили консертҳо барои коҳиш додан ё куллан барҳам задани таъсири чунин нафарон дар Қизилнишон кумак накардааст.
“Қизилнишон бисёр деҳаи хуб аст. Як-ду одами ҷавонмарг дорад, ки ба Ҳаракати исломии Узбакистон дохил шуда, дар онҷо иғво меандохтанд. Инҳо як авлоде будаанд, ки пеш аз револютсия аз Тошканд омадаанд ва худро 37-38-ум пушти ҳазрати Муҳаммад (с) медонанд. Бесавод нестанд, арабиро хуб медонанд, аммо гаправанд. Касе гӯяд, ки ин сиёҳ аст, ба сиёҳ мечаспанд. Дар байни мардум чанд бор маҷлис гузаронидем, онҳоро ба консертҳо меорем, телевизиони Тоҷикистонро тамошо карда наметавонистанд ва фақат телевизиони Узбакистонро тамошо мекарданд. Аз давлати Хитой 10 ҳазор антена овардем ва як қисмашро ба онҳо бо нархи арзон: 16-сомонии додем ба онҳо, то ақаллан забони давлатиро омӯзанд ва сиёҳро аз сафед фарқ карда тавонанд”,-афзуд ӯ.
Дар се соли ахир 31 шахси маҳкумшуда ба зиндон ба далели ҳамдастӣ бо гурӯҳи Ҳаракати исломии Узбакистон дар Тоҷикистон сокинони ноҳияи Қубодиён, ба вижа деҳаи Қизилнишон будаанд. Ғайр аз ин, 28 сокини дигари ҳамин ноҳия, ки аксари онҳо низ аз деҳаи Қизилнишон ҳастанд, бо далели фаъолият дар гурӯҳҳои ифротӣ дар зери назорати мақомоти ҳифзи ҳуқуқ қарор доранд.
Ба ақидаи коршиносон, ҳарчанд раиси навтаъини ноҳияи Қубодиён дар аксари самтҳо комгор гаштааст, аммо то ҳол натавонистааст ифротгароиро дар ин деҳа аз байн барад. Ва ба гуфти коршиносон, сабаби асосии ба кори дигар гузаронидани собиқ раиси ноҳия - Абдулмуъмин Улфатов низ маҳз ҳамин паёмадҳои деҳаи Қизилнишон будааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 |
8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 |
15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 |
22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 |
29 | 30 | |