Саудӣ ба вакилони қирғиз барои зиёрати Маккаву Мадина имтиёз дод
Намояндагони мардумии Қирғизистон имсол низ аз имтиёзи вижаи Шоҳигарии арабистони Саудӣ дар маросими “Ҳаҷ-2013” бархурдор хоҳанд буд.
Расонаҳои қирғизӣ аз қавли Раҳматулло Эгамбердиев, муфтии Қирғизистон иттилоъ додаанд, ки Арабистони Саудӣ барои вакилони парлумони ин кишвар ҳангоми иштирок дар маросими “Ҳаҷ-2013” ҷойҳои махсус ҷудо мекардааст.
Ба гуфтаи Эгамбердиев, ҳоло муайян нест, чанд корманди давлатӣ ё намояндагони қирғиз дар маросми “Ҳаҷ-2013” иштирок мекунанд. Вале ӯ, таъкид кард, ки сафорати Арабистони Саудӣ дар Қирғизистон барои онҳо ҷой ҷудо хоҳад кард.
Маврид ба зикр аст, ки дар соли 2012 зиёда аз 30 корманди давлатӣ ва 12 вакили парлумони Қирғизистон барои адои ҳаҷ ба Арабистони Саудӣ сафар намуда буданд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 |
8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 |
15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 |
22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 |
29 | 30 | |