Бекешев таҷрибаи мошинҳои сиёҳшишаро дар Тоҷикистон “ибратомӯз” гуфт
Парлумони Қирғизистон додани иҷозат барои сиёҳ кардани шишаи мошинҳоро дар ин кишвар баҳс дорад.
Достон Бекешев, вакили парлумони қирғиз, имрӯз, 11-уми сентябр дар ҷаласаи парлумон пешниҳод кардааст, то дар Қирғизистон таҷрибаи Тоҷикистон, ки ба ивази маблағ иҷозати сиёҳ кардани шишаи мошинҳоро медиҳад, роҳандозӣ шавад: “Тоҷикистон аз ҳисоби мошинҳои сиёҳшиша 8 миллион доллари амрикоӣ ба даст овардааст, аммо дар мо мегӯянд, ки ин дуруст нест.”
Бекешев бо зикри боздидаш аз Тоҷикистон таъкид кардааст, “ки дар Тоҷикистон сиёҳ кардани шишаи мошин 500 доллари амрикоӣ меистад. Мо низ бояд ин таҷрибаро амалӣ кунем. Ин кор ба теъдоди сонеҳаҳои нақлиётӣ дар роҳҳо таъсире надорад, чун садамаҳо аксаран омилҳои инсонӣ доранд.”
Ҳукумати Тоҷикистон дар моҳи январи соли 2010 бо тасвиби як қарор, ба ронандаҳо барои сиёҳ кардани шишаи мошинҳо бар ивази 500 доллар дар як сол иҷоза дод. Як гурӯҳи вакилони тоҷик он замон изҳор дошта буданд, ки шишаҳои сиёҳ дар худравҳо барои саломатии инсон фоида дорад ва он то 45 дарсад осебпазирӣ аз нури офтобро коҳиш медиҳад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 |
8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 |
15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 |
22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 |
29 | 30 | |