Як кило ҳероини сифаташ баланд дар Душанбе тақрибан 4,5 ҳазор доллари амрикоӣ арзиш дорад.
Саид Неъмонов, сардори раёсати фаврӣ-ҷустуҷӯии агентии назорат аз болои маводи нашъаовар мегӯяд, ба ҳисоби тахминӣ як кило ҳероини сифаташ пасттар дар пойтахти кишвар аз 3 ҳазору 200 то 3 ҳазору 500 доллар хариду фурӯш мешавад. Нархи як кило афюн дар бозори сиёҳи Тоҷикистон 450-500 доллар, ҳашиш 300-350, гурӯҳҳои бангдона то 200 долларро ташкил медодааст.
Дар вилояти Суғд нашъаҷаллобон барои як кило ҳероини сифаташ баланд аз 4 ҳазору 800 то 5 ҳазор доллар талаб мекардаанд. Сифати пасти ин навъи нашъаи сахттаъсир аз 3,5 то 4 ҳазор доллар арзиш доштааст. Як кило афюн 550-600, ҳашиш 400 доллар ва бангдона 250 доллар. Дар ҷануби кишвар бошад, нархи маводи мухаддир нисбатан арзонтар унвон мешавад. Ба иттилои Саид Неъмонов як кило ҳероини сифати баланд дар қаламрави вилояти Хатлон 4 ҳазор доллар, ҳероини сифаташ паст аз 3 ҳазор то 3 ҳазору 200 доллар, афюн 400, ҳашиш 250-300, бангдона 180-200 доллари амрикоӣ арзиш доштаанд. Вилояти мухтори кӯҳистони Бадахшон як кило ҳероини навъи баланд 4 ҳазор доллар, сифати пасттари он 3 ҳазор доллар, афюн 400, ҳашиш 250, бангдона 150-200 доллар будааст. {jathumbnail off}
Мӯҳр