Парлумон аз изофанависиҳои сохторҳои ҳукуматӣ гуфт
Сафаралӣ Раҷабов, раиси Кумитаи молияи парлумони Тоҷикистон, рӯзи 18 ноябр зимни ҷаласа дар мавриди иҷрои буҷаи соли 2013 гуфт, баъзе аз ниҳодҳои ҳукуматӣ ба изофанависиҳо роҳ дода, маблағи давлатро ғайримақсаднок истифода кардаанд.
Ин вакили парлумон гуфт, дар нӯҳ моҳи соли ҷорӣ дар ҳудуди Тоҷикистон 141 тафтишоти молиявӣ гузаронда шуда, истифодаи ғайримақсадноки 91 миллион сомонӣ ошкор гардидааст. Раҷабов таъкид намуд, аз ин миқдор то ҳол танҳо 47,3 миллион сомонӣ ба буҷа барқарор шудаасту бас.
Раҷабов афзуд, тафтишот, ки аз ҷониби Вазорати молия ва Оҷонсии зидди фасоди молӣ дар Тоҷикистон гузаронда шудаанд, муайян намудаанд, ки бештари изофанависиҳо дар сохтмонҳо ҷой доранд: “Вазорати мелиоратсия ва об 2 миллиону 700 ҳазор сомонӣ, вазорати кишоварзӣ 2 миллиону 600 ҳазор сомонӣ, мақомоти таъмини амволи давлатӣ 1 миллиону 977 ҳазор сомониро ғайримақсаднок истифода намудаанд.”Моро ҳамроҳӣ кунед: Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK) Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 |
8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 |
15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 |
22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 |
29 | 30 | |