Се сол баъд аз ҳабси Охунов... Муштариёни “Мовароуннаҳр” хона гирифтанд
Нахустин гуруҳи муштариёни ширкати “Мовароуннаҳр” се сол пас аз ҳабси раиси ин ширкат, Ҷӯрабек Охунов, соҳиби хона гардиданд.
Бузургмеҳр Ёров, вакили мудофеи саҳмдорони «Мовароуннаҳр» имрӯз, 19-уми декабр ба “Озодагон” гуфт, як гурӯҳ саҳмдорон дар маҳаллаи “Гипрозем”-и шаҳри Душанбе соҳиби манзили истиқоматӣ шуданд: “Комиссияи давлатӣ, манзилҳои истиқоматӣ барои сад муштарии ин ширкатро дар маҳаллаи “Гипрозем” қабул кард ва қисми зиёдашон ба соҳибон супорида шуд.”
Номбурда иброз дошт, ки дар назар ояндаи наздик як гуруҳ муштариёни дигар низ соҳиби хона шаванд. Ёров илова намуд, ки дар баробари таъмини муштариён бо хона, ҳамчунин кӯшиш доранд, қарзи “Ориёнбонк”-ро баргардонанд.
Ҳасан Асадуллозода, раиси “Ориёнбонк”, ба саҳмдорони ширкати «Мовароуннаҳр» барои баргардондани қарзи “Ориёнбонк” то моҳи январи соли 2014 муҳлат додааст. Бузургмеҳр Ёров боварӣ дорад, ки дар мӯҳлати муайяншуда қарзи “Ориёнбонк” -ро бармегардонанд.
Вакили мудофеи ширкати «Мовароуннаҳр» қаблан ба “Озодагон” гуфт, бо “Ориёнбонк” ба созиш омадаанд, ки “Мовароуннаҳр” аз ин бонк ҳудуди 2 миллиону 400 ҳазор сомонӣ қарздор аст ва чун ширкат имрӯз ба по хестааст, тавони баргардондани ин қарзро дорад.
Ёдрас менамоем, фаъолияти ширкати «Мовароуннаҳр» баъд аз ҳабси Ҷӯрабек Охунов, раиси пешини он дар соли 2010 қатъ шуда, суратҳисоб ё худ молу амволи ин ширкат ба ҳабс гирифта шуд. Саҳҳомони ширкат мегӯянд, мақомот ба ҳар далел монеи давоми кори ширкат мешаванд ва имкон намдиҳанд, ки ширкат биноҳои нимсохтаашро ба итмом расонад ва мизоҷонро бо хона таъмин намояд. Аммо раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон, ба қазияи муштариёни ин ширкат дахолат карда, дастур дод, ки масъалаи онҳо омӯхта ва ҳал шавад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 |
8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 |
15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 |
22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 |
29 | 30 | |