Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 20 июл 2018, 02:43

Даъвати ҲСДТ барои фаъол кардани Эътилоф барои демократия

23 декабр 2013, 10:42

Ҳумайрои БАХТИЁР

Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон (ҲСДТ) бо пахши изҳороте аз аъзо ва тарафдорони Эътилоф барои демократия ва ҷомеаи шаҳрвандӣ даъват кардааст, ки дубора онро фаъол намоянд.

Дар изҳороти ҲСДТ аз ҷумла даъват шудааст, ки “аъзои эътилоф бояд дар зудтарин фурсат як конфронси васеъ баргузор намоянд. Тавре маълум аст, ҲСДТ ва Ҳизби наҳзати исломӣ барои иштирок дар интихоботи президентии Тоҷикистон аз соли 2012 талош доштанд. Ин ду ҳизб Кумита оид ба ислоҳоти демократӣ ва қонуни интихоботи президентии Тоҷикистон таъсис дода буданд.”

Шӯрои сиёсии ҲСДТ ҳамзамон ишора ба он кардааст, ки дар майдони сиёсии кишвар ҲНИТ як ҳизби бонуфуз ва мухолиф буда, ташаббуси пешниҳоди тарҳи қонунро низ дорад. “Аз ин хотир, ҲСДТ аз аввал ба нерӯи ин ҳизб ниёз дошт”,-гуфта шудааст дар изҳорот.

ҲСДТ бо зикри аҳамияти Эътилоф дар умури фаъолсозии ҷомеа ва таъмини мардумсолороӣ даъват намудааст, ки тамоми кӯшишҳо барои фаъолсозии он равона гарданд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • в

  • 23 декабр 2013 10:49
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Боз хамон командаи занхои шаттохи исенкор омада дабдалаи ИНИТро хам набарорад?
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
чанобон, хамаи коратон хуб факат боз хамон муаллима Бобоназароваро номзад накунетон. Чунки як бор бо хамон номзадатон ба чукурии чанд хазор километра афтидед. Агар бори дигар низ хамон корхо такрор шавад якин донед, ки ин бор шумо ё ба чукурии зиндон меафтед ё ба чукурии кабр.

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!