Куштори як донишҷӯи туркман дар Украина аз дасти ҳамватанҳояш
Азим Ҳоҷимаҳмадов, як донишҷӯи туркман дар шаҳри Харкови Украина бо захми корд кушта шудааст. Дар анҷоми ин ҷиноят ҳамватанҳои ӯ муттаҳам мешаванд, навиштааст торнамои infoabad.com.
Ба иттилои манбаъ, Ҳоҷимаҳмадов донишҷӯи соли шашуми факултаи иқтисод ва ҳуқуи Донишгоҳи миллии иқтисод буда, моҳи феврал бояд дипломи хатми донишгоҳро мегирифт. Ӯ дар хобгоҳи донишҷӯён бар асари як низоъ мавриди ҳамлаи се ҳамватани худ қарор гирифтааст. Дар бадани вай осори захми корд мушоҳида шудааст. Дар анҷоми ин ҳамла Ҳамро Егамбердиев (соли таваллудаш 1993), Озод Ҷумбаев (1993) ва Мақсад Халлиев (1994), донишҷӯёни соли сеюми ҳамин донишгоҳ муттаҳам шуда, мавриди ҷустуҷӯ қарор доранд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 |
8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 |
15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 |
22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 |
29 | 30 | |