Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 18 октябр 2017, 18:04

Муҷозоти Зулайхо Маҳмадшоева аз сӯи Додгоҳи Исмоили Сомонӣ

28 январ 2014, 10:12

Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе Зулайхо Маҳмадшоева, овозхони ҷавони тоҷикро, барои нақзи қонуни танзими ҷашну маросимҳо ба маблағи 4 ҳазору 400 сомонӣ ҷарима кардааст. Парвандаи Маҳмадшоева аз сӯи Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ таҳия шуда, баъдан ба додгоҳ ирсол гардид.

Афшини Муқим, сухангӯи Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ, ба “Озодагон” гуфт, “чанде пеш аз тарафи кормандони Раёсати танзими анъана ва ҷашну маросимҳои Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастрасии моддаи 481-и Кодекси ҳукуқвайронкунии маъмурӣ ва моддаи 8-и Қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимхои миллӣ» парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ нисбат ба шаҳрванд Маҳмадшоева Зулайхо оғоз гардида, ба Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ ирсол шуда буд. 17 январи соли ҷорӣ бо қарори додгоҳ Зулайхо Маҳмадшоева дар содир намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ бо моддаи 481 Кодекси ҳуқвайронкунии маъмурии Тоҷикистон ва моддаи 8-и Қонуни Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ” ҷазо дар намуди ҷарима бо андозаи 110 нишондҳанда барои ҳисобҳо, баробар ба 4400 сомонӣ ба фоидаи давлат таъйин карда шуд.”

30 декабри соли гузашта дар интернет зери унвони “днюхаи Зулайхо” наворе пайдо шуд, ки баҳсу вокунишҳои зиёдеро дар пай дошт. Корбарони шабакаҳои иҷтимоии Тоҷикистон бо ишора ба шукуҳ ва меҳмонони зиёд дар таҷлили рӯзи мавлуди Маҳмадшоева аз он шикоят карданд, ки зимни татбиқи қонуни танзими расму оин дар кишвар тафриқаандозӣ мешавад. Баъдан масъулони Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросимҳо Зулайхо Маҳмадшоеваро даъват карда аз ӯ баёнот гирифтанд, ки дар он овозхони тоҷик гуфтааст, ин навор на аз ҷашни зодрӯз, балки муаррифии албоми нахустини ӯст.

Зулайхо Маҳмадшоева аз шогирдони Манижа Давлатова гуфта мешавад, ки бо тақлид ба садои Манижа вориди саҳна шуда, зуд маъруф гардид. Ҳоло шеваи хонандагии худро дорад, ки намунааш таронаҳои “Кабутар” ва “Дили девона”-анд.


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • tojik

  • 28 январ 2014 10:41
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
xair hej gap ne-puli yak tuya nimash.ha zulaixobonu.
Посух додан
  • Шахнозка

  • 28 январ 2014 11:54
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ин хифзи хукука факат зураш ба хамин сарояндахо расад, хамаруза мансабдорон ки чи кадар харч мекнанд кани унора чарима кунед чи !!!!
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Кумитаи дин кори нагз кардаст. Хамин хел артисткахоро хам бояд ба чавобгари кашанд
Посух додан
  • Чамшед

  • 28 январ 2014 13:25
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Хай ак и бахело амика кор омад ай дастон. Да ами Озодагон гуфтен гуфтен ина чаримаш карданд. Бо ак местен меген ки зури иё ба ами сарояндо мераса. Е товбаеее и мардуми мо чи дард дошта боша. Факат кор гайбату бахили.Шахнозка,
Посух додан
  • Дили девона

  • 28 январ 2014 13:42
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Кам-кам буи адолат ба машом расида истодааст. Ман интизор набудам, ки у мучозот шавад, аммо шуд. Ин кори хуб аст, зеро барои дигар гарданшахон дарси ибрат мешавад.
Посух додан
  • Шахнозка

  • 28 январ 2014 17:33
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ба Чамшед
Ма гайбат накарда будам дигаро гуфта буданд, чи гапа сари ма бор мекни, худат гайбат дориву бо мара меги-а Чамик? wink
Посух додан
  • mehrob

  • 28 январ 2014 18:51
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Бачай хукумов бо куштани 3 одам 120 сомон чарима кардан ку ина мешидай тагабози чавобу саоли ин одамора дар у дунё хатман чуброн мекуни хукумзода
Посух додан
  • Tojik

  • 29 январ 2014 04:12
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Presidentro charo baroi tui bodabdabayash, ki dar internet onro tamosho kardan mumkin, mujozot namekuned??
Посух додан
  • точик

  • 29 январ 2014 09:06
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ачаб шогирде тайёр кардааст хамин маниж боз инашам ягон мансабдори болои боло ба зани гирифта аз сурудхониям то як чанд мох мемонаду ана баъди кухна шудан бо ба саъна маебарояд барои пул коркуни. ин чарима кам аст агар ягон камбагали бечора мебуд турмаш мекардед.
Посух додан
  • точик

  • 27 май 2015 11:19
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
КУМИТАЙ ДИН ЧАРИМА КАРДАНАТОН НАГЗ.ХУБ МЕШУД ДАР БОРАЙ ЛИБОСПУШИВУ ТАМИЗИ ИНХО ДАР ТУЮ МАЬРАКАХО ЭЬТИБОРИ МАХСУС ДОДА МЕШУД.
Посух додан
  • Mastchoh

  • 29 май 2015 08:53
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Душанбера монед аз Худжанд сар кунед туйхое мешавад ки Американхо инхел туй надоранд..... Конун факат барои Mastchoh ast.....

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Октябр 2017    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!