Бахшҳо
07 фев 2014 11:26Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

Миёни мардуми СНГ аз ҳама кам тоҷикон маош мегирифтаанд

Тоҷикистон дар миёни кишварҳои пасошӯравӣ аз рӯи ҳаҷми маош дар мақоми охирин қарор гирифтааст. Бино ба гузориши Кумитаи омори байни давлатии кишварҳои узви ИДМ, ҳаҷми маоши миёна дар Тоҷикистон 748, 63 сомониро ташкил медиҳад, ки баробар ба 157, 13 доллари амрикоӣ аст.

Ин ниҳод мегӯяд, Қирғизистон дар ин раддабандӣ аз Тоҷикистон як зина боло буда, дар мақоми 9-ум қарор дорад. Ба иттилои манбаъ, ҳаҷми маоши миёнаи шаҳрвандони Қирғизистон дар соли гузашта баробар ба 220, 45 доллар будааст.

Бар асоси ин раддабандӣ аз ҳама маоши баланд шаҳрвандони Русия мегирифтаанд. Маоши миёна дар ин кишвар 866,43 долари амрикоиро ташкил медиҳад.

Дар баробари Русия Қазоқистон ва Беларусия низ ба руйхати сегонаи кишварҳое, ки шаҳрвандонашон бо маоши нисбатан баланд таъминанд, дохил мешаванд. Ҳаҷми маоши миёна дар Қазоқистон ба 689, 48 доллар ва дар Беларусия ба 552, 27 доллар баробар мебошад.
Мӯҳр
байрак
Хай чи маоши дигар давлато баландай? Зато мо байраки ай хама баланд дорем. Мардум ки гшна монд - таги байракда места - ай баландии байрак сер мешава ку

Маошро-ку намедонаму. Аз дустам пурсидам:-Чаро дигар дар идораи давлати кор накарди?
Дар чавоб гуфт: - ЛЕВАК НАДОШТ, АЗОН ХОТИР.
Харкасе кор кунадхам ба хотири ЛЕВАКАШ. Мисол:МИЛЕСА, ПРОКУРОР, ДУХТУР, КОРГАРОНИ БОЛОИИ РАИСОН. ХУД КАЗОВАТ КУНЕД. ЧУНИН НЕСТ, МАГАР???

МЕХРОБОДИ
Хамин маоши кам хуб, кам хур хамеша хур.Сулх бошад иншооллох хуб мешавад.

Худохохад то соли 2020 шахрвандони точикистон низ аз хама маоши баланд мегиранд ва аз хама бой мешаванд фахмидед СНГ

Дар Точикистон вазифаи корупсия хубай. агар ба кор даромади бад аз 1 мох сохиби таёта карола мешави баъд аз 1 сол сохиби хонаи 3 этажа. духтурора прсидм кор чихелай- бисёриш гуфт корупсия кор куни намемона хаму одамое миян 5-10 сомони метан мераван ай дили соф шон мачбури нест.

гариб
Мехрободи хдат хам ай фабрикай чавоби чи. Гап бромадай набромадай меген сулх боша, тенчи боша, чанга фромш каден, охир ки чанг хостай ё сулха вайрон кадай, амика меган маоши мардм камай. Хдт ката хурдести хичота гам нест, ки ба и маош мардм чко мекнан.

Дар як сол ки аз 365 руз иборат аст, кариб дар 200 ё 300 рузи хамин мо ид дорем.Рузе бо як нафар хамсухбат шудам ки гуфт: -Дар замоне ки вазифаи тарчумониро адо мекардам як нафар сармоягузор аз Африка барои сохтани заводе дар шахри Хучанди вилояти Сугд бо маблаги хело калон сармоя чудо карда буд..ва хамин тавр кисме аз ин завод сохта шуд.Агар хато накунам беш аз 1.5 мллион долари амрикои масраф шуд. Ин марди сармоягузор окибат аз чашнхои пай дар пайи Точикистон дилгир шуда аз идома додани сохтмгн даст кашид.Хамсухбати ман дар идомаи сухбат гуфт он мард гуфт"Чунин кишваре ки мардумаш доиман дар чашну маросимхо хасту пайваста сари ин одатхо бан хастанд наметавонанд барои дигарон кор кунанд" хамсухбам ба гап идома дода гуфт:-Хато вакте ки у аз ин чо рафт дар як тамоси телефони таклифи ба инчо омаданашро кардам дар чавоб у гуфт ки "Боз иди каду доред чи? Худ казоват кунед агар мо он мардро аз ин чо намугурезондем холо ин завод сохта шуда буду чандин нафарон сохиби чойи кор шуда буданд.ва албатаки ба инктисодиёти мамлакат хам фоидаи зиёд ворид месохт.Имруз дар Точикистон шахрвандоне ки бо маоши давлат зиндаги мекунанд аз руи диди худ гуфта метавонам ки зиндагии факиронаро аз сар гузаронида истодаанд.Барои мисол маълимон.Аз ин маош то маоши дигар карзхояшон аз сапу гушашон мерезанд.Имруз мо театр, китобхона, чойхона, бинохои бохашамат ки имкони истифода аз онхоро танхо сарватмандон доранд , парчами калонтарин ва амсоли инхо сохта метавонему барои мардуми камбагал имкони сохтани як корхонае ки чанд нафаро метавонад сохибонон гардонад надорем ё аниктараш хохиш надорем. О инро фикр намекунанд ки камбагал агар пул надоштабошад чихел ба парк меравад чихел бо шиками гурусна ба тамошои бог ё хондани китоб меравад. Барои истифода аз хамаи ин мо бояд мардумро ба чои кор ва маоши хуб таъмин намоем ки хамаи инро "амалдорон" медонанду сари ин кор намебаранд.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)