Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 25 апрел 2019, 01:43

Вакилони дифои Зайд: "Абдуфаттоҳи Ғоиб аз мо қасос мегирад" (ВИДЕО)

7 март 2014, 14:53

Исҳоқ Табаров ва Шуҳрат Қудратов, вакилони дифои Зайд Саидов бо пахши як изҳорот боздошти ҳамкорашон, Фахриддин Зокировро, ки баъди бозпурсии тӯлонӣ шаби 7-уми март сурат гирифтааст, иқдоми махсус роҳандозишудаи Оҷонсии мубориза зидди фасод хонданд.

Тибқи ин баёния вакили сеюми Зайд Саидов дар қаллобӣ муттаҳам мешавад, ки ба гуфтаи Шуҳрат Қудратов ва Исҳоқ Табаров як иттиҳоми сохта аст: “Гӯиё Фахриддин Зокиров тариқи қалобӣ аз баргардонидани қисме аз маблағҳои аз бонк қарзгирифтаи корхонаашон саркашӣ карда бошад. Зимнан амалиёти тиҷоратии чанд сол пеш анҷомдодашудае дар назар аст, ки ҳатто санҷиши мақомоти марбута, аз ҷумла худи ҳамон Агентӣ қаблан собит намудааст, ки асари ҷиноят дар он умуман мушоҳида намешавад.”



Вакилон ин боздоштро ба фаъолияти касбияшон барои ҳимояи ҳуқуқҳои Зайд Саидов, соҳибкори зиндонии тоҷик рабт медиҳанд: “Аз хусуси хатаре, ки вобаста ба қазияи Зайд Саидов мо - вакилони дифоъи ӯро таҳдид мекунад, пайваста изҳори нигаронӣ кардаем. Манбаи ин хатару таҳдид дар бисёре мавридҳо худи ҳамон Агентии номбаршуда аст, ки барои бадномкуниву тарсонидани мо аз имкониятҳои маъмуриаш бо як густохии гӯшношунид истифода мекунад. Ва чанд ҳафтаи охир шиддати фишору тазъиқ бамаротиб афзуд. Таҳдиди сӯиқасд ба ҷонамон тариқи телефон аз ҷониби ашхоси номаълум, кӯшишҳои бофтаву сохтакорона тобиши ҷиноят додани ҳодисаи садамаи ночизи нақлиётӣ, ки бо яке аз мо – Шӯҳрат Қудратов рӯх додааст, ва ниҳоят таъқиби ҷиноятиву ҳабси Фахриддин Зокиров далели он аст, ки алайҳи мо нерӯи тавонои қудратие сафарбар шудааст, ки барои саркӯб карданамон аз ҳеҷ гуна амали номатлубу нангин ҳазар намекунад.”

Дар шарҳи афзоиши фишор нисбати худ вакилони Зайд Саидов афзудаанд, ки хусумати шахсии сарвари Агентӣ – Абдуфаттоҳи Ғоиб ҷумлаи онҳост: “Вазъи ногувори мо, бахусус баъд аз он, ки ин шахсро барои моро таҳқиру тӯҳмат карданаш ба додгоҳ кашидему аз ӯ ҷуброни зарари маънавӣ талаб намудем, беҳуда ба миён наомадааст. Яъне мо аслан тӯъмаи интиқом шудаем, аз мо қасос мегиранд. Далели қотеъонаи дастраскардаамон аз хусуси он, ки ҷинояткор на Зайд Саидов, балки масъулини худи Агентист, ки хулосаи ташхисро сохтакорӣ намуда нафари бегуноҳро тӯҳмат задаанд, сабаби дигари қасосгирист. Ва, ниҳоят, изҳороту муроҷиати пайвастаамон аз хусуси он, ки кӯшишҳои роҳбарияти Агентӣ, қабл аз ҳама Абуфаттоҳи Ғоиб ҷиҳати миёни мардум беобрӯву бадном кардани зерҳимояамон беасосу ғайриқонунист, сабаби хусусмату бадбинӣ нисбатамон шудааст.”

Омили асосии фишорҳоро вакилони Зайд Саидов дар ангези сиёсӣ доштани парвандаҳои зерҳимояашон медонанд: “Мо вакилони дифоъро мақомот барои он набахшиданду намебахшанд, ки қазияи зикршуда ғайричашмдошт барояшон самараи дилхоҳ надод. Аксари мардум ба бегуноҳии Зайд Саидов бовар карданд, сафи ин нафарон ҳамоно, ки меафзояд ва дар пушти фоҷиаи ин шахс чеҳраи аслии онҳое падидор гашт, ки то ин дам мардуми ранҷкашидаву азобдидаву зудбовар дар симояшон ҳомиёни қонуну адолатро медид.”

Шуҳрат Қудратов ва Исҳоқ Табаров илова намуданд, ки фишорҳо дар ҳоле шиддат ёфтанд, ки мақомот ба амалиёти васеъ бобати аз Зайд Саидову хешу пайвандону шарикони тиҷоратиаш кашида гирифтани амволаш пардохтанд. Онҳо мегӯянд, мақомот бо ҳабси Зокиров ӯро аз ҳимояи амволи Зайд Саидову наздиконаш барканор кард.

Дар ҳамин ҳол вакилони Зайд Саидов дар хитоб ба Созмони Миллали Муттаҳид, созмону ташкилотҳои дигари ҷаҳонии дифоъ аз ҳуқуқ, ҳукумату парлумони мамолики дунё, сафорату намояндагиҳои кишварҳои хориҷа хостаанд, ба қазияи Зайд Саидов, ба вазъи ногувори вакилони дифоъ, аз ҷумла ба тақдири Фахриддин Зокиров, бахусус бо назардошти ӯҳдадориҳои байналмилалии Тоҷикистон таваҷҷӯҳ бикунанд, зеро дар кишвар ҳуқуқу озодиҳои саросари мардум дар хатар аст.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Адвокат

  • 7 март 2014 15:48
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Хукуку озодихои саросари мардум дар хатар нест, бародарони адвокат. Хар кас аз номи худаш гап занад. Масалан ман сад дар сад озодам ва касе ба чони ман тахдид намекунад. Аз хомиёни тартибот ва хукуки мамлакат розиям. Агар онхо набошанд, намедонам дар Точикистон чй мешавад. Магар садама ё чиноят када гурехтан (Шухрат) гунох нест ё ки саркашй аз баргардондани карзи бонк (Фахриддин) гунох нест??
Посух додан
  • Шохон

  • 7 март 2014 15:48
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ачиб дар Точикистон моли мулки точири муваффак Зайд Саидро аз худ карданиянд. дар Эрон бошад моли мулк миллардер Бобак Занчони. Намедонам ки ин молхо ба хисби давлат мерафта бошад ё ба киссаи одамони дигар?
Посух додан
  • tj

  • 7 март 2014 16:29
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
рузе мешавад. Ки аз корхои кардаашое пушаймон мешаванд лекин фоида надорад.
Посух додан
  • tojik

  • 7 март 2014 17:12
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
pulu mole ki az hisobi hukumat kor kardi boyad pas gardoni
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
ма дар як чиз хайронм.хами адвокатхои зайд медонанд ки имрузх ё пагох махкамшон мекунанд ё не намедонанд пас бари чи меган ки хаёти мо дар хатар аст.Агар донан пас бари чи дар ТЧК истодиан? Ё НЕ АКЙ ШУХРАТ КУДРАТОВ.ЛУЧШИ МЕРСЕДАСА БУФРУШУ РАХПУЛИ КН ПАКА ВАКТАЙ БАД БУДЕТЬ ПОЗДНО!!!!!!!!!!!!!!!!!
Посух додан
  • Dev

  • 8 март 2014 01:00
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Адвокат,
Tu sad dar sad ozodi , kase ba joni tu tahdit namekunad , chunki tu ALAFi !!! Tu barin alafho hamesha roziaand , ham az gulomi , ham az gastarbajteri, ham az tahkiru dashnom ! Shuhrat gufta istodaast,ki pas az sadama bo hamrohii jabrdida baroi tamiri moshinash raftem.Fahridinash boshad az bonk kredit giriftaast va hak ham dorad , dar barobari in honaashro zalog mondaast...Ohir ba in korho kori Goib Abdugulom chist? Bonk hudash advokat dorad , rohi sudro medonad , avval ogoh mekunad , nashud honaashro megirad. Baroi chi hudata daronda istodi? Ohir nameshavad hamaro govsud kard, be in ham mo tojikon hajvonona zindagi dorem, in hukumat bo shiori bhu bga kujo mebarad moro!
Посух додан
  • Ба Точик

  • 8 март 2014 10:35
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
точик,
То вакате мо мисли ту точик дорем гадо ва гулом мемонем! ин чи навъ фикр аст ки камтар зурамон омад аз ватани худ гурезем? ин чи ватани факат хамин давлатдоронасту тамом?
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Мошинхоро зада гурехтанашхам тухмат мебошад? Шумоба ки зур омад хама кора тухмат мегуед инчунин барои фиребхою дуругхои кардагиатон акнун мехохед аз чавобгари озод шудан ба дигар давлатхо фирор кунед канд занед ! О шумо шери майдон будед кук. Игвогарон!
Посух додан
  • tojik

  • 10 март 2014 09:50
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
zaidro 10 advokati donochaho shudenu ozod karda natonisted.zaidro shumo turma karded maxsus hamin shuhrati donochavu faxridin.inhoro ba peshi zaid bared zuuuuuuud.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
шумо чихели адвокатен ки хутона химоя карда наметонен бо дигарода адвокат мешен.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
хами вакилои дифои мора илтимос суд накнен инхо бисёр подсобникои хуб мешаван да дигар аз дасташон хеч чиз намеояд як хунмаки зиёти ба мо чи лозим аз ду сар ба мо бе пул хизмат намекнан набарот чанка пули дорем мекашан мегиранш
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
поени шаби сиех сафед аст

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!