Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 25 июн 2019, 14:39

Худро оташ задани Шавкат Раҳмонов дар рӯбарӯи қасри президент (Навшуда)

28 март 2014, 00:39

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон таъйид намуд, ки як сокини 74-солаи шаҳри Душанбе рӯзи 27 март дар рӯбарӯи қасри раёсати ҷумҳури Тоҷикистон худро оташ задааст.

Ин ниҳод бо пахши як хабар дар торнамои расмияш навишта, ки Шавкат Раҳмонови 74-сола “дар назди мағозаи “Варзишӣ” дар маркази Душанбе ба қасди худкӯшӣ худро оташ задааст. “Сабаби даст ба ин кор задани Раҳмонов муноқишаи оилавӣ оид ба тақсимоти манзил мебошад. Бо ҳалномаи Суди шаҳри Душанбе манзили истиқоматии воқеъ дар кӯчаи Фирдавсӣ, байни Шавкат Раҳмонов ва духтараш Нушофарин Раҳмонова, соли таваллудаш 1971, баробар тақсим карда шудааст”,- менависад манбаъ.

Ба иттилои торнамои ВКД Раҳмонов айни замон дар беморхона бистарист: “Нушофарин Раҳмонова мегӯяд, падараш муддати ду сол инҷониб гирифтори бемории рӯҳӣ буда, қаблан низ кӯшиши худкушӣ карда буд”.

Қасди худкушии Шавкат Раҳмонов дар наздикии дастгоҳи раисиҷумҳур дар ҳоле сурат гирифт, ки худи Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳур бо сафари расмӣ дар Афғонистон қарор дошт. Масъулини дигари дастгоҳи раисиҷумҳур дар суҳбат бо "Озодагон", ки ин хабарро аз субҳи 27-уми март пайгирӣ дорад, аз қазия изҳори бехабарӣ карданд. Аммо бархе аз шоҳидон дар рӯзи сар задани ҳодиса ба унвонии хабаргузории "Озодагон" навиштанд, ки маъмурини амният хеле фаврӣ оташро хомӯш карда, базудӣ ӯро аз ҷои ҳодиса бурданд ва касеро намонданд, ки наздик шавад.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Хамаш аз бебарки аст! Озодагон масалаи барк я дида баро ку чи гапай дар мо се руз шуд умуман барк нест! Бо имруз шарм надошта нозири барк забонуш як метр пул чамкуни омадай! Кани озодагон я газш бги додари укош!
Посух додан
  • Хулиган

  • 28 март 2014 14:53
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Барк Меша баъди 35 сол
Посух додан
  • Марат

  • 28 март 2014 16:33
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Худо нигох дорад дар бахори арабии Тунис ё Миср низ кор аз оташзании худ аз чониби як шахрванд бахори араби сар зада буд.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ин амали эътирози,

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!