Бахшҳо

Ҳалокати боз як ҷавони дигар дар шуъбаи пулис: Худкушӣ ё шиканҷа?

Ҷунайдулло Ҳомидов, сокини ноҳияи Вахш иддао дорад, ки маъмурини пулиси ин ноҳия писараш-Низомиддини 27-соларо дар пайи латукӯб кушта, ба онҳо гуфтаанд, ӯ худаш дар шуъбаи умури дохилӣ худро ба дор овехтааст.

Ҷунайдулло Ҳомидов дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, писараш шаби 30-юми март, аз толори саққобозӣ боздошт шудааст ва рӯзи дигар ду маъмури пулис бе ягон ҳуҷҷат хонаашонро мавриди бозҷӯӣ қарор дода, ба онҳо гуфтаанд , писарашон дар дуздӣ муттаҳам мешавад: “Ман чун фаҳмидам, писарам дар боздошт аст, барояш ғизо бурдам, аммо маъмурини пулис ғизоро гирифта, писарамро ба ман нишон надоданд. Субҳи рӯзи дигар бародарам аз Душанбе ба ман занг зада гуфт, ки писарат дар шуъбаи умури дохилӣ мурдааст.”

Ҳомидов мегӯяд, маъмурини пулис ба ӯ гуфтаанд, ки писараш худашро ба дор овехтааст, аммо ӯ ба ин бовар надорад: “Писарамро латукӯб кардаанд. Доду фарёди писарамро аз ошёнаи дуюми шуъбаи умури дохилӣ ҳатто сокинони назди шуъба шунидаанд.”

Ин сокини Вахш ба Марказ оид ба ҳуқуқи инсон муроҷиат карда, хостааст, барои таъмини адолат дар қазияи писараш ба ӯ вакили дифоъ диҳанд. Зебо Қосимова, ҳуқуқшиноси ин Марказ дар суҳбат ба “Озодагон” муроҷиати Ҳомидовро таъйид карда, афзуд, ки аллакай барои ӯ ҳуқуқшинос аз Қӯрғонтеппа, Қарахонов Ашӯралиро ҳамчун вакили дифоъ таъйин кардаанд. Инчунин ин сокини Вахш дар муроҷиат ба Шерхон Салимзода, додситони кулли Тоҷикистон хостааст, қазияи фавти писарро зери назорат гирад ва таҳқиқи мунсифонаи онро таъмин кунад.

Ин якумин ҳолати фавти боздоштшудагон дар шуъбаи пулиси Тоҷикистон набуда, қаблан дар Душанбе ва Суғд чунин ҳолатҳо сабт шудаанд. Аз ҷумла дар пайи боздошт аз ҷониби пулис дар ҳолатҳои мармуз Умедҷон Тоҷиев, Баҳромиддин Шодиев, Сафаралӣ Сангов ва дигарон ба ҳалокат расида буданд.
Мӯҳр
Зафар Курбонов
Маъумрони милиса ба фикрам сценарияи худкуширо дигар карданд. пештар аз ошёнаи сеюм хамааш худашро мепартоф, хозир дар милисахона худашро ба дор овехта будаст е дар сизо, дар ин чойхо банд ресмон ва е дигар ашеи доровези дар кучо бошад. ки хатто дар боздоштхо бандхои пойпушро мегиранд. пас ин бандхо аз кучо пайдо мешуда бошанд?. ачаб макомоти хифзи хукук де!

Антирахмон
Имруз ки ба доди мо мерасида бошад. Аз Худованд талаб мекунем.Имруз танхо додрасамон Аллох аст.Худованд гарикаи рахмату шоистаи чаннат гардонад ин бародари моро Омин.

Антирахмон
мухтарам кормандони озодагон барои чи суханхои маро кайчи мезанед. Ха фаромуш кадам шумо хам яке аз решахои Рахмон хастед ...........

рох
вазир, сардори раёсат, сардори шуъбаи корхои дохили бояд аз вазифа сабукдуш шаванд. то президент сахт нагирад ин кушторхо катъ намешаванд. инхо танхо аз вазифаашон метарсанд.

Ай дасти точик факат дуоу шукрона мебет.Бехтарин усули сиесат

АБЛАХ касет, ки ба худкушии у бовари дорад. Кормандони полис як сония ягон нафарро танхо намемонанд аз кучо он бечораи (худо рахматаш кунад) банд ёфт ва ё воситаи дигарро ва худро ба дор кашид. Агар кашида бошад хам аз лату куб ва фишорхои пулис. Як равшанфикр гуфтааст" Дируз барвакт буд, пагох дер мешавад, имруз вакти ЗАРУРИ расидааст".

Часур
Барои "дузди" наход худкуши куни? Не, у аз зарби керзихои резини ва дубинкахо халок шудааст. Агар ин аввалин мавриди мешуд, мумкин халк бовар мекард, лекин аллакай чанд нафари дигар хам пеш аз ин дар милисахонахо мурданд. Мардумро фиреб надихед, ки бовар намекунанд. Худ куштед уро, на худкуши кард.

Аз Душанбе
Дар мухтарам ҳуқуқшинос Қарахонов мувафакияти орзу дорем!!

Ном
Ман итминон дорам, ки ин гуна низом низоми бардавом нест, зеро Худованд ин низомро дуст намедорад!

Вафои Вахши
Ин бародар бо майкаи баданаш худовези кардааст мегуянд ва дар асл хам дузд буд. чандин магозара дар шахраки Вахш дуздида будааст ва у аз суи сохиби магозае ки дар дохили магозааш хоб будааст дастгир ва ба пулис супурда шудааст гайр аз ин у маводи мухаддир хам истеъмол мекардааст Оозодагон навиштани матлабхои мугризонаву яктарафаро кай бас мекунед? журналистикаро хайф кардед. шархнависон хам бояд донанд ки дузд,норкаман ва худкушро пуштибони доранд ки чазои барои чунин гуноххо дар шариати ислом хело вазнин аст комментнависхои азиз як чиро надониста нафахмида пак паки зиети накунен аз Худо тарсед...

Ҳақҷӯ
Чӣ шармандагӣ! Чӣ беобрӯӣ!!!
Вазир, агар номус дошта бошад, бояд сардорони шӯъбаҳои вилоятӣ ва ноҳиявиро сабукдуш кунад ва баъд худаш ҳам истеъфо диҳад!
Аз тарафи дигар маълум аст, ки вазири корҳои дохилӣ салоҳияти таъйин ё озод кардани ҳатто мансабдорони ин сатҳро надорад, ҳамаашон через статяи 69 монда ва гирифта мешаванд. Пас, вазир худаш истеъфо диҳад.
Просто шармандагӣ!!!!!!!!!

Хой мардум! Ин гуфтахои шумо бефоида. Дастони пулиси мо хунолуд шудааст. Онхо кори дигарро наметавонанд

Сироч
Беадолати аз ин зиёд намешавад .Мардуми сихату саломатро бурда аз пулис мурдаро мебароранд.Дод аз дасти ин хунхкрон.Ба хамма ин бесарусомонихо мо мардум гунахкорем .Чун ,ки мухри хомуши ба лаб гузошта хомуш мешинем ва дилро пур мекунем ,ки тинч хастам холо он ,ки Худо нишон надихад чунин ходисахо ба сари хар яки мо мумкин аст омаданаш ва он вакт дигарон хомуш мешинанд.Барои хамин бояд якчойа аз як гиребон сар бардорем ва ин хукуматро водор кунем то ,ки хукукхои конститутсиони ва волоияти конунро риоя кунад ё ба истефо равад то ,ки мардони диллсузу миллатпараст ба сари кудрат оянду ба чунин бесарусомонихо хотима диханд.

Зиндаги озодии инсону истиклоли уст,
Бахри озоди чадал кун бандаги даркор нест... (((((

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)