Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 25 апрел 2019, 01:39

Зайд Саидов бори дигар дар додгоҳ худро бегуноҳ донист

22 апрел 2014, 19:53

Зайд Саидов, соҳибкор ва раҳбари Ҳизби Тоҷикистони нав, рӯзи 22 апрел дар додгоҳи таҷдиди назар 26 сол ҳукми зиндонашро ноодилона хондааст. Ӯ гуфтааст, тамоми айбномаҳое, ки мақомот алайҳи ӯ эълон кардаву додгоҳ бар асоси он ҳукм содир кард, поя надоранд.

Шӯҳрат Қудратов
, яке аз вакилони мудофеи Зайд Саидов, дар ин бора ба “Озодагон” хабар дод, вале аз ҷузъиёти ҳарфҳои дигари нафари таҳти ҳимояташ худдорӣ намуд. Ӯ гуфт, баррасии аризаи кассатсионии онҳо дар додгоҳ шурӯъ шуда, вазифадор гардидаанд, ки ҷузъиёти баҳсу баррасиҳоро ошкор накунанд. Ба қавли ӯ, ин мурофиаро Бобокалон Муродов раисӣ дорад.

Додгоҳи олии Тоҷикистон дар марҳилаи аввал рӯзи 25 декабри соли 2013 Зайд Саидовро бар асоси чаҳор банди Кодекси ҷиноӣ – “таҷовуз ба номус”, “бисёрзанӣ”, “қаллобӣ”, “фасод ва ришвастионӣ” гунаҳкор дониста, ба 26 соли зиндон маҳкум карда буд. Бархе аз коршиносон ишора бар он мекунанд, ки ҳукми Зайд Саидов ангезаҳои сиёсӣ дошта, ба тасмими ӯ дар мавриди таъсиси ҳизби сиёсии Тоҷикистони нав рабт дорад.

Аммо Шавкат Абдулхайров, додраси Додгоҳи олӣ ва раисикунандаи парвандаи Зайд Саидов, аввали соли ҷорӣ дар нишасти хабарие ҳама гуфтугузорҳо дар бораи сиёсию фармоишӣ будани парванда ва ҳукм нисбати Зайд Саидовро беасос хонд. Оқои Абдулхайров баъд аз эълони ҳукми Зайд Саидов ҳалномаи додгоҳро ба вакилони мудофеи ӯ надода, ба онҳо шарт гузошта буд, танҳо дар сурати ошкор нашудани ҷузъиёташ, онро дастрас хоҳад кард.

Зайд Саидов моҳи майи соли гузашта, ҳангоми бозгашт аз Фаронса дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе, замоне ки ба ҳайси вакили маҷлиси шаҳрӣ масунияти дахлнопазирӣ доштааст, боздошт гардид. Ин ҳодиса баъд аз тақрибан як моҳи азми ӯ барои таъсиси Ҳизби Тоҷикистони нав, ки ҳадафаш ислоҳот ва беҳбудии рӯзгори мардум гуфта мешуд, сурат гирифт. То кунун додгоҳҳои Тоҷикистон чанде аз корхонаҳои марбут ба Зайд Саидов ва хонаводаи ӯро ба ихтиёри давлат дода, ширкати “Тоҷсохмтон- байналмилал”, ки ба писари бузурги ӯ тааллуқ дорад, 16 миллион сомонӣ ҷарима бастааст.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • ayom

  • 31 май 2014 04:21
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
zaed saidov begunoh ast inshoalloh ozod meshavad
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
salom maleikum mo metavonem Ustodro bubinem az nazdik suhbat kunem hamrohashon az dodgohash ichozat boshadayom,

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!