Бахшҳо

Шикояти Амирбек Суфиев аз болои раҳбари “Умед-88” ба Эмомалӣ Раҳмон

Сармуҳосиби ширкати “Умед-88”, ки бо фурӯши сузишворӣ дар қаламрави Тоҷикистон машғул аст, мегӯяд, аз сӯи раҳбарияти ин ширкат таҳти фишору таъқиб қарор дошта, алайҳи ӯ иттиҳомоти зиёде равона карда шудааст. Амирбек Суфиев, сармуҳосиби ин ширкат бо ирсоли номае ба унвони Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон талаби кумак карда, ба хотири мунсифона ҳал шудани моҷарояш қазияи ӯро таҳти назорат худ қарор диҳад.

Дар номаи Суфиев ба Эмомалӣ Раҳмон, ки дастраси расонаҳо низ шудааст, аз ҷумла омадааст: “Ҷаноби Олӣ ба Шумо ҳамчун падар муроҷиат менамоям, ки кори маро Додситонии кулли кишвар дар чаҳорчӯби қонун омӯхта, хулоса пешниҳод намояд. Чунки ман дар оилаи камбағал ба дунё омадааму модари пир дорам ва ягона нафари таъминкунандаи оила ба ҳисоб меравам.”


Шикояти Амирбек Суфиев аз болои раҳбари “Умед-88” ба Эмомалӣ РаҳмонБа гуфтаи Суфиев раҳбари ширкати “Умед-88” гӯиё ӯро дар азхудкунии маблағи ҳаҷмаш ниҳоят калон муттаҳам намуда, аз болои ӯ ба Додситонии кулл шикоят бурдааст. Суфиев таъкид дорад, масъулини ин ширкат мехоҳанд ӯро бо иттиҳоми бофта паси панҷара андозанд.

Ин шаҳрванди Тоҷикистон мегӯяд, ҳарчанд ҳоло дар хориҷ аз кишвар ба сар мебарад, вале гӯиё ба ҷони худу пайвандони дар Ватан боқӣ мондааш, эҳсоси хатар дорад. Суфиев дар шарҳи гуфтаҳояш илова намудааст, “дар ҳоле маҷбур шудам Ватанро тарк кунам, ки раҳбарияти “Умед-88” ба ман ҳушдор дода, гуфт, ҳамаи корҳои маро ҷобаҷо мекунӣ аз бонк як миллиону дусад ҳазор доллари амрикоӣ аз ҳисоби амволи худат барои корхонаи ман мегирӣ ва баъд аз Тоҷикистон баромада меравӣ."

Сармуҳосиби “Умед-88” мегӯяд, ӯ зодаи ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд буда, соли 2011 барои кор ба ин ширкати маъруф даъват шудааст. Вай соҳиби се фарзанд аст ва бино ба иттилои худаш феълан дар Русия ба сар мебарад.

Ин дар ҳолест, ки Муҳаббатшо Баллаев, мудири шуъбаи ҳуқуқии ширкати "Умед-88", тамоми иддаои Амирбек Суфиевро рад кардааст. Ӯ дар номаеба унвонии мо навиштааст, "баъд аз он ки фахмидем, Суфиев гурехтааст, бо ариза ба макомоти қудратӣ муроҷиат намудем. Ариза мавриди баррасӣ карор дорад ва бинобар фош накардани сирри тафтишот ҳоло аз шарҳи пурраи он худдорӣ менамоем. Амирбек Суфиев агар гунахкор набошад, мархамат ба Тоҷикистон омада, бегунохии худро исбот намояд. Аммо ӯ медонад, ки гунахкор аст ва ба ин хотир аз дур бо аризаҳои туҳматомез репутатсияи кории ширкати моро мехоҳад паст занад. Ин амали ӯ ба намакдон туф карданро мемонад. Оид ба он ки дар Тоҷикистон мондани ӯ ба ҷонаш хатар дорад, бори дигар тӯҳмат будани суханони Суфиевро исбот менамояд."
Мӯҳр
дар ин кишвар ягон бизнеси тоза хаст? Ба фикрам тоза шуда хам наметавонад, зеро ба ину он додан даркор...Эх, Точикистон...агар надоди, корат пеш намеравад.

умед
Зафарча дар суруди "Умед-88" ин масъалахоро насароидед ку????

умед 88, нархи ту миллист
умед 88, кори ту мардумозорииииииисссстт.....

Sugdi
Оё ин нома то ба Президент мерасида бошад? Умед дорам, ки мерасад. Вагарна хаёти чавонро меомузанд.

Мо кормандони Ширкати "УМЕД-88" мактуби шикоятиии Суфиев А.-собик сармухосиби ширкатро хонда дар мачлиси умуми мухокима намуда, бори дигар ба хулоса омадем, ки ин шахс муддати чанд соле ки бо мо кор ва фаъолият намуд бо дилу нияти пок кор накарда, танхо бо як максад обро лой карда мохи доштани будааст. Дар ин маколаи тухматомезаш рохбарияти ширкатро гунахгор донистааст ва бо суханони тухматомузаш мехохад дикати хонандагонро ба худ чалб намуда, аз руи хусумати доштааш обруи ширкатро паст намояд. Суфиев А. дар муддати тулоние, ки дар ширкат кор ва фаъолият намуда буд, хамчун мухосиб бо рохи фиреб маблагхои калонро аз худ намуда, ягон хисоботи молияви пешниход нанамуда буд. Вакте, ки рохбарият аз у пешниход намудани хисоботи молиявиро талаб намуд, у имруз пагох ваъда карда дар муддати се мох чунин хисоботро пешниход нанамуд. У хар руз имруз меорам пагох меорам гуфта ваъдахои хушку холи менамуд. Оиди он ки рохбарияти ширкат аз у талаб карда бошад, ки як миллиону дусад хазор доллари ИМА гирифта ба ширкат дихад тухмат буда, хандаи касро меорад. Чунки ширкат ва рохбарияти ширкати кудрати онро доранд, ки кадом маблагеро, ки зарур бошад ба тарики кредит амволи гайриманкул ва манкулро монда кредит гиранд. Имкониятхои молияви ба рохбарияти ширкат ва худи ширкат инро имконият медиханд. Мо танхо хотиррасон менамоем, ки Суфиев А. дидаю дониста, ки маблагхоро аз худ намуда буд аз макомоти кудрати пинхон шуда, гурехт, агар у гунахгор намебуд чаро гурехт? Чунки ман-хамчун хукукшиноси ширкат шахсан пеш аз гурехтанаш бо у хамсухбат шуда будам, ки у ваъда карда буд, ки дар хакикат ба ин кор даст задааст ва ин маблагхоро баркарор менамояд. баъди оне ки мо фахмидем, ки Суфиев А. гурехтааст бо ариза ба макомоти кудрати мурочиат намудем. Ариза мавриди барраси карор дорад, ки бинобар фош накардани сирри тафтишоти аз шархи пурраи он то анчоми тафтишот худдори менамоем. Суфиев А. агар гунахгор набошад мархамад ба Точикистон омада бегунохии худро исбот намояд. аммо у медонад, ки гунахгор аст ва ба ин хотир аз дур бинобар гарази шахси доштанаш бо аризахои тухматомуз репутатсияи кории ширкати моро мехохад паст занад. Ин амали у ба намакдон туфкарданро мемонад. Оиди оне ки дар Точикистон мондани у ба чонаш хатар дорад, бори дигар тухмат будани суханони Суфиев А. исбот менамояд. Мо ба Суфиев А. мурочит карда гуфтанием, ки кучо шуданд он суханони Шумо, ки гуфта будед: Ман акнун фахмидам, ки рохбарамон (рохбари ширкатро дар назар дорад) мисли падар манро насихат дода, имконият дод, ки корро давом дода, камбудиамро охиста-охиста бартараф намоям. Мо то охири умр аз у миннатдорам. Чунин буданд суханони пеш аз гурехтанатон.

Э ака бие мон ту худат медони чи гуфтести худата хукукшинос гирфтести худат нагз медони ки чи кор карсодай раисат дар кучохо мешинаду чи кор мекунад агар ту меафтиди хамин холатда чи кор мекарди? мана шиноси худам Ёрова Латофатро хамин хел дар сараш карзи бисера бор карданд чандин сол мебошад ки берун аз кишвар зиндагони мекунадаз Хукумати Чумхури хохиш менамоям ки сари рохи инро гирад!!!!

Ман бародари наздики Амирбек мебошам уро ба дарачаи машакат доданд, ки барои табобат ба хорич рафт ва дар вакти табобаташ рохбари ин ширкат бо хамрохии хукукшинос бо хулосаи аудит гирифта уро парвандаи чинои огоз намуданд, локин мо бовари дорем ки макомотхои кудрати рохи хали ин масъаларо меёбанд!!!

Дар ин ширкат наход хама гунахгор бошанд? Хар сол аз тарафи ин ширкат парвандаи чинои огоз мегардад бо рохи зуровари.....

одил
Ба Мухаббатшо.Бародари азиз дуруггуи торикии имон аст.Суфиев дар муддати тулони кор карданаш ягон хисиботи молиявиро пешниход накардю.Ин корхонатон бесохиб буд магар? ДАР тули се мох у чи хел имрузу пагох мегуфт? Инсоф даркор бародар.

Зафар,
салом бародар коргари умед88 агар ин бародар суфиев биёяд ҳолаш ба мисли заид саидов мешавад мумкин аз инҳам бадтар шавад чаро инқадар дуруғ мегуед аз АЛЛОҲ битарсед бародар қиёмат омаданист азоби АЛЛОҲ вазмин аст

Кандота бызан Амирбек! Ман тарафдори шумо! Ба фикри ман агар ин чавон дуруг мегуфт ин мактубро наменавишт! Ахсан ба чунин одамон ки худашонро химоя мекунанд! Мухабатшох ту хам фарзанд оила еру рафик дори агар ту чунин холатда мешуди чи кор мекарди?

Хусниддин
Лутфан бигуед, ки рохбари УМед -88 кист?

Бародарони азиз мана дар бораи Ерова Латофат, ки дар борааш дар боло кайд карданд маълумоте пайдо намудам, илтимос инро чидди хонед ва хулосаи худро бароред, ки чи гуна одамонро тухмат зада хаетошонро сузонданианд.
Ба Мухабатшох инро чи хел шарх медихед? https://www.faraj.tj/society/2282-umed-88-guftand-1179arzdor1251-bier-ba-kassa-su
por.html

эха ин сайти озодагонам умед - 88 харидан ку!!!

ба Мухаббатшох: дар ин холат ту чи кор мекарди меомади? хамин сайти тоза буд ки мардака мактубашда навиштен! Оиди Ерова Латофат чи гуфтани доред? Е ин хам хама пулотона дуздидааст? Пас Шумо бояд дар дархоятон нависед ки мархамат корхонаи бесохиб касе хохад биеяд чанд суми хохад гирифта рафтан гирад!!!

Зафар Курбонов
МАН ВАКИЛИ ДИФОЪИ ЧАНОБИ АМИРБЕК СУФИЕВ ХАСТАМ. ВА ДАР ДАСТИ МАН МАВОДХО АКСИ ХОЛРО МЕГУЯН. ЯЪНЕ АЗ БЕГУНОХИИ ЗЕРХИМОЯИ МАН ДАЛОЛАТ МЕКУНАНД. ХОЛ ОНКИ ПАРВАНДА ДАР ДАСТИ МАОКМОТ АСТ, БОЯД МАКОМОТ МУШИКОФОНА НАЗАР АНДОХТА, ЧОРАЧУИ КУНАД. БИНОБАР СИРРИ ТАФТИШОТИ НАМЕТАВОНАМ ЗИЕДА АЗ ИН ИФШО СОЗАМ. ВАЛЕ БА УМЕДИ ХУДОВАНД ХАСТАМ, КИ БЕГУНОХИИ ЗЕРХИМОЯИ МАН СУФИЕВ АМИРБЕКРО ИСБОТ СОЗАМ. ИНШОАЛЛОХ!!!

нисо
дар ин чо хеч кас намегуяд, ки ман гунахкор хастам. хар кас худашро соф мекунад

Зафар Курбонов
Санаи 02/05/2014 сол аз тарафи як гурух шахсони феълан ба мо номаълум аксхои зерхимояи ман дар когазхои чоппии расмбарории кимматнок ба нашр расонидашуда. дар гирду атрофи манзили истикоматии зерхимояи ман Суфиев Амирбек ба деворахои истгоххо ва гайра часпонда шудааст, ки дар натича мо тарафи химоя - яъне ман, ба макомоти прокуратураи генерали ва ВКД ЧТ бо дархост оиди мукаррар кардани холати кор ва ба чавобгари кашидани чунин афроди манфиатчу барои худсари ва гайриконуни пахн кардани расмхои зерхимояи ман бо навиштачоти пургалати бо забони руси дар бораи гуие Розыск, ва кайди телефонхои чаноби вазири корхои дохила, ва чанд раками телефонхои тамоси ВКд , пешниход карда шудааст.
Мутмаинам ки макомотхои лозима, ба таври лозима дархости маро мавриди тафтиш карор хоханд дод.
бо эхтиром, адвокат Курбонов З.Г.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)