Бахшҳо

Суол: Паёми раисиҷумҳурро бурда, аз мардум чӣ паём овардед?

Вакилони Маҷлиси намояндагон, палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон, аз рӯзи 28 апрел барои шарҳу тафсири паёми солонаи раисиҷумҳур ба шаҳру ноҳияҳои кишвар рафтаанд. “Озодагон” аз се вакил пурсид, оё онҳо дар баробари ба мардум расондани паёми президент аз мушкилоти мардум ба ҳукумат низ паёме хоҳанд овард?


Баракатулло АТОХОҶА, узви Кумита оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният:

“Ҳоло тамоми вакилони мардумӣ барои расондани паёми раисиҷумҳур ба интихобкунандагон машғуланд. Вақте бо интихобкунандаҳо вомехӯред, онҳо аз он мушкилоте хоҳанд гуфт, ки мақомоти маҳаллӣ барои ҳалли он қодир нест. Мо бо интихобкунандагон мулоқот анҷом дода, хоҳишу дархости онҳоро ба унвони гузориш менависем ва бо имзои раиси Маҷлиси Намояндагон ба ҳукумати ҷумҳурӣ ирсол мекунем. Мардуми кишвар бештар аз бунёди мактабҳо, роҳ, иваз кардани симчӯб барин мушкилот ҳарф мезананд. Мақомоти маҳаллӣ имкони молии ба анҷом расондани ин корҳоро надорад. Барои ҳамин, дар гузориши худамон инро ишора карда, баъдан ба ҳукумат мефиристем. Ин, албатта, аз паёмҳои қаблӣ буд. Аз ин паём ҳоло мо ҳеч шикояте аз мардум нагирифтаем. Дар асл, ноҳияи Турсунзода мушкилоти зиёд надорад. Ин ноҳия саноатӣ аст ва дар қиёс бо дигар ноҳияҳо мушкили зиёди молӣ надорад.”

Олимҷон САФАРОВ, узви Кумита оид ба масъалаҳои аграрӣ ва экология:

“Ҳоло дар Ҷиргатол ҳастам. Дар паёми навбатӣ мардум бештар аз тинҷиву оромӣ мегӯянд. Ман, ки аъзои гурӯҳи музокира бо Қирғизистон будам, мардум бештар аз вазнинии сарҳад бо ин кишвар мегӯянд. Онҳо тарафдори боз будани марз бо Қирғизистон буда, бештар аз ин мегӯянд. Мушкили дигаре, ки то ҳоло ба ман гуфтанд, нарасидани имконият дар бахши картошкапарварист. Ҳоло дар бозорҳои кишвар картошка то 5 сомонӣ нарх дорад. Агар ҳукумат барои парвариши картошка ва расондани тухмии он ба мардум кумак кунад, ҳамааш хуб мешавад. Ҳам заминҳо холӣ намемонанд, ҳам картошка боз арзон мешавад.”

Мақсуда САМАДОВА, узви Кумита оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот:

“Ман дар ноҳияи Ҷаббор Расулов ҳастам. Мардум ба ман ҳеч шикояте накардаанд. Ба ҳамаи онҳо паёми раисҷумҳур маъқул. Мардум шикояте надоранд. Мегӯянд, ҳама чиз оҳиста-оҳиста хуб мешавад. Барои мисол, ҳоло дар ҷамоат ҳастам. Мулоқотро гузарондам ва дар як утоқ ҳастам, то мардуми хоҳишмандро дар танҳоӣ қабул кунам. Касе наомад.”
Мӯҳр
беном
Бар кадом гушаю каноре паём набаред дар хамачо мардум аз шуммо свети, доими чои кор бо маоши хуб ,баробархукуки ,адолатии судяхоро талаб мекунанд ки ягонтаи онро ба чо оварда наметонад

Лекин ман баъзехода хайран да. Малуматои ду сали пеша меган ростай. Тавба вазияти хамин шахри саноатира имрузанда депутат намедонистааст, чи? ТАЛКО, Кризис мактабхо дар се баст, дермонии ойлик, масъалаи об, замини наздихавлиги ва анча праблемаи куп

Max
Шумо Чаббор Расулов дуруг гуфтед шикоятхо пуррр амммо,....

Вакили МН Амир Каттаев дар Исфара ба ягон саволи интихобкунандагони худ чавоб гуфта натавонист. Саволхо аслан бобати вазъ дар марз бо Киргизистон буданд. Боз чавобхои пештара: ин дар салохияти ман нест....Шумо ба фалон вазорат ё идора мурочиат кунед. Пас чунин вакил чи лозим? Дар вохурихо мардум руирост ба холи ин вакили бесалохият механдиданд. Шарманда шуду вохурихояшро пеш аз мухлат катъ карда гурехта рафт. Рости гап рахмам меояд ба холи чунин калушдепутатхо.....

"Озодагон", илтимос хамин саволатона ба вакили мо А.Каттаев, ки дар Исфара вохури кард, дихед. Бинем, ки чи чавоб мегуяд. Охир ба ягон савол чавоб гуфта натонисту асабона дастафшони мекард. Мегуфтагист, ки дар Исфара мушкилот несту хама тинч... Ба хар хол як савол дихед.....

Холо дар як уток хастам то ки мардум биёянд ва аз мушкилоти худ шикоят кунанд, аммо наомаданд. Эхее мардум аз ин давоми чанд сол чи кадар шикоятхо кард то дарачаи худаша дар назди касри чаноб сузонд, ягон чора надиданд як вакили хоболудаи хубгуяки парлумон имкони мушкили хал карданашро доранд. Мардум хамаша медонанд, хаминба намеоянд.

авс
Латифаи точики: Мақсуда САМАДОВА, узви Кумита оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот:

“Ман дар ноҳияи Ҷаббор Расулов ҳастам. Мардум ба ман ҳеч шикояте накардаанд. Ба ҳамаи онҳо паёми раисҷумҳур маъқул. Мардум шикояте надоранд. Мегӯянд, ҳама чиз оҳиста-оҳиста хуб мешавад. Барои мисол, ҳоло дар ҷамоат ҳастам. Мулоқотро гузарондам ва дар як утоқ ҳастам, то мардуми хоҳишмандро дар танҳоӣ қабул кунам. Касе наомад.”

О шумо аз дастатон коре наояд, чаро мардум наздат ояд???? Шармандаги!!!!

САИД НИЗОМОВ
Мақсуда САМАДОВА, узви Кумита оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот: - “Ман дар ноҳияи Ҷаббор Расулов ҳастам. Мардум ба ман ҳеч шикояте накардаанд. Ба ҳамаи онҳо паёми раисҷумҳур маъқул. Мардум шикояте надоранд. Мегӯянд, ҳама чиз оҳиста-оҳиста хуб мешавад. Барои мисол, ҳоло дар ҷамоат ҳастам. Мулоқотро гузарондам ва дар як утоқ ҳастам, то мардуми хоҳишмандро дар танҳоӣ қабул кунам. Касе наомад.” - ЧУНКИ МАРДУМ ШУМОРО ХАТТО ДИДАН НАМЕХОХАД, БАРОИ ХАМИН НАОМАД. КАДОМ МУШКИЛИИ МАРДУМРО ХАЛ НАМУДАЕД ДАР МУДДАТИ 20 СОЛИ ПАЕМ РАСОНИАТОН? БАРК, ОБ. ГАЗ, ЧОИ КОР, МАОШИ ХУБ? КАДОМАШРО? КАНИ ГУИД ЧИ? ВАКТО ХЕЧ КАДОМАШРО АЛБАТТА КАСЕ ПЕШАТОН НАМЕБИЕД!!!!!!!!!!!!!
ОЗОДАГОН КАНИ БИНЕМ ТОО ЧИ АНДОЗА ШУМО ОЗОДАЕДУ ОЗОДЕД!!!

Панчакенти
Озодагон, 1 бор аз вакили Панчакент, Шакарбек Самадов пурсед, ки чаро дар Панчакент ин кадар чангчолхои замину проблема бисёр?Оё ин нафар аз онхо хабар дорад ба барои халлаш чи коре кардааст? Метавонед?

Яъкуб.
ИН вакил дар бедори сухан гуфтаистодааст е дар хоб.Вакте мегуяд мардум ягон мушкилот надорад.Холо дар утоки алохида хастам то мардумро дар танхои кабул кунам хеч кас наомад,ва ин хонум фикр дорад хеч кас наомад пас маълум мешавад мушкилот нест.Не чаноби вакил хеч кас ба Шумо бовар надорад ва аник медонад аз дасти шумо ягон чиз намеояд.Шумо зиндагии мардумро бад карда метавонеду бехтар Не.........

В-ОН КОХХОИ МОНДА ДАР САХРО АЗОНИ ТУ!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!

Салом. Ба Самадова гуфтаниям, ки дуруг мегуи? Аз рузе ки депутат шуди то хол аз мардуми Зафаробод рангатро надидааст. Дар кишлоки худ не балки ба Зафаробод омада саволу чавоб кун, баъд мефахми ки мардум чи мушкилот доранд?
Агар ба Зафаробод омада боши хам бо калонхо вохури кардаву рафти ...

Салом, Озодагон! Мардуми моро ин кормандони макомот тарсонидаанд, пеш аз оне, ки ягон намоянда барои фахмиши вазъи ахоли меояд, раисони чамоату дехот ва участковии махал одамонро метарсонанд, ки агар нисбати ашхоси мансабдори болои ягон шикоят ё нисбати тангии зиндаги кунанд, холашон бад мешавад, ин чи бози ва азобу машаккат бар сари мардуми омма аст!!

группа 24
ай дасти ту чи моея ки пешам наомадан меги????????????????????????Хичиииииииииииииииии

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)