Бахшҳо

Нарзиев: “Фарзанди тоҷик сазовори тақдири хубтар аз ғуломист”

Дар ин шабу рӯзе, ки оташи баҳсҳо дар бораи муҳоҷирати кории тоҷикон дар Русия гарм аст, “Озодагон” аз чанд нафар пурсид, ин раванд то кай идома хоҳад дошт?


Абдураҳмон ХОНОВ, вакили парлумон:
“Муҳоҷират як раванди табииест, ки аз замонҳои хеле гузаштаи дур то кунун хоси миллатҳову кишварҳои мухталифи дунёст. Ин раванд ҷанбаҳои ҳам мусбат ва ҳам манфиро дорост. Ҳангома бардоштан аз онки мамлакати мо ба кишвари муҳоҷирон табдил ёфтааст, бе мантиқ мебошад. Чун талаботи инсон қонеънашаванда аст, ҳар ҷое манфиати бештареро эҳсос мекунад ба он майл мекунад. Чашм бикшода дунёро бубинед, ин раванд хоси тамоми мамалакатҳо, ҳатто кишварҳои аз лиҳози иқтисодиву иҷтимоӣ пешрафта низ мебошад. Мо имрӯз бояд барои ба муҳоҷират омода намудани ҳар як шаҳрванди кишварамон заминаҳо ва имкониятҳои мусоиди ҳуқуқиву психологӣ фароҳам оварем. Дар оянда барои таъмини ҳарчи бештари ҷойҳои муносиби корӣ барои шаҳрвандони мамлакат бояд талош намуд. Ин масъалаҳо дар паёми президенти мамлакат ба Маҷлиси Олӣ низ муфассал баён гардидаанд, ки мақомоти салоҳиятдори давлатӣ чораҳои мушаххас хоҳанд андешид.”

Алӣ МАСТОВ, сиёсатшинос:
“То замоне дар кишвари мо, ба ҷойи фабрикаву завод аз ҳама пояи байрақи баландтарин, аз ҳама калонтарин китобхона дар минтақа, аз ҳама сохтмонҳои пуршукуҳи Вазорати умури хориҷӣ, Осорхона ва Қасри Миллат месозанд, теъдоди муҳоҷирин меафзояду кам намешавад. Сол ба сол, мутаносибан ин теъдод меафзояд ва синни миёнаи он поин меравад. Чӣ метавонад аз ин шармовартар бошад, ки шумори занони муҳоҷирамон 15 фоизро ташкил медиҳад? Чӣ метавонад аз ин ғамноктар бошад, ки ҳамаи «мағзҳои» сиҳат кишварро тарк мекунанд? Ҳамаи ин барои он аст, ки дар мо иқтисодиёт вуҷуд надорад. Тамоми иқтисодиёти мо ин муҳоҷирини мо ҳастанд, ки барои «омода карданашон» алакай аз курсии мактабӣ шуруъ кардаанд. Ғамангез аст.”

Илҳом НАРЗИЕВ, таҳлилгар:
“Пеш аз пеш тақдири бачаҳои моро инҳо маълум кардаанд. Гӯиё онҳо ба ғайр аз муҳоҷир будан фарзандони мо сазовори дигар тақдир нестанд. Мо насли калонсол, мебоист ба фарзандони худ роҳи дигарро нишон медодем, ки фардо онҳо давлату ҳукумату тамоми соҳаҳои ҷомеаи моро ба дасти худ гирифта як кишвари мустақил, пешрафта ва худкифо бисозанд. На инки ҷавононеро, ки ҳоло дар зиндагӣ қадамҳои аввалро мегузоранд, мо ба ғуломии аҷнабиҳо омода кунем. Фарзанди тоҷик сазовори тақдири хубтар аз ғуломӣ аст.Аксари ҷавонон аз ҳамсолони хориҷии худ ҳеч камӣ надоранд ҳатто хубтар аз онҳо ҳастанд.”
Мӯҳр
Офарин! "Фарзанди тоҷик сазовори тақдири хубтар аз ғуломӣ аст.Аксари ҷавонон аз ҳамсолони хориҷии худ ҳеч камӣ надоранд ҳатто хубтар аз онҳо ҳастанд.” Иншоолох он рузхо мерасад, ки фарзандони мо ба дигар тарз мухочир мешаванд, ба мисли Газпроми Урус ва Майкрософти Амрико.
Зинда бод миллати бофарханги мо ва поянда бод адолати итимой. Дуруди бепоён ва хамду сано ба сулолаи Сомониён.

То он вакте, ки сиёсатмадорони мо ба сохтмони фабрикаву корхонахо шуруъ накунанд, то ба охир гулом мегардем. Хамаи наздикони "чаноби оли" дар вазифахои баланди чомеа кор карда истодаанд. Агар онхо ба вазифахои баланд таъин нагарданду бо пулу моли чамъкардаашон корхонахо месохтанд, иктисодиёти Точикистони азизи мо камтар хам бошад пеш мерафт. Чунки дигар макомотхои кудрати ба монанди андоз, экология, оташхомушкунакхо, литсензия, точикстандарт, коргарони барк, прокуратура, амният ва милиса ба чунин корхонахо надик намешаванд. Онхоро мачбур карда наметавонанд, ки ягон намуд кори дигар кунанд.

Хонанда
Ахсан Илҳом НАРЗИЕВ, таҳлилгар: Фарзанди тоҷик сазовори тақдири хубтар аз ғуломӣ аст.

точ
Худо аз ин бад накунад, шукрона кардан даркор.

Гариб
Али Мастов . хуб суханхое дарди Дил кардед . Рушанфикрон зинда бод

Дарвеш
Аслан хамон касоне, ки дар сари вазифаи баланд нестанд, ё ки синну солашон ба нафака расидааст, гами миллатро мехуранд. Вакте ки дар вазифаи баланд кор мекунанд, вакт надоранд. Шояд бо хамин рох мехоханд худро дилсузи миллату ватан нишон дода сохиби обруй шаванд. Ин миллат азобашро дид, рохи зиндагиашро ёфтааст. Ин фикри шахсии ман аст. Ба касе нафорад, маъзарат мехохам. "Гапи бисер як харро бор".

Абдуллох Умари
Салом хонагдагони гироми , чуноне мегуянд, "Чавонон ояндаи миллатанд" вакто мо ба чавонони имрузаи Точикистон бингарем итминон дорам, ки 85% саводи оли надоранд ва аксари онхо аз оилахои камбизоат хастанд ва хусусан мухочироне, ки дар Русия хастанд аксарияти онхо чавонони дехоти хастанд ва мутассифона ним зиёди онхо бе савод мебошанд, ки ин сабаб шудааст барои тахкири миллату ватан ,валокин ногуфта намонад, ки банда айби бародарони мухочиро намекунам ун чизхои ки гуфтам ва хохам гуфт ун хама аз сузи дил нисбат ба хамватанон аст ,агар мо имруз Точикистониёнро киёс ба дигар миллатхои минтака кунем хеле хеле акиб мондаанд

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)