Сафорат ба донишҷӯён: То 20 май Одессаро тарк кунед
Сафорати Туркманистон дар Украина донишҷӯёни туркманиро муваззаф кардааст, ки то 20 май аз шаҳри Одесса берун шаванд.
Арслон, як донишҷӯи туркман, ки дар яке аз донишгоҳҳои Одесса таҳсил мекунад ба бахши туркмании радиои “Озодӣ” гуфтааст, кормандони сафорат ба донишандӯзон амр кардаанд, дар муҳлати муайянгардида, шаҳрро тарк намоянд.
Дар пайи вазъи мутташаниҷ дар ин шаҳр ва низои ҷонибдорону мухолифони ҳукумати нав, ки 46 кушта бар ҷой гузошт, кормандолни сафорат барои дидор бо донишҷӯёни туркман ба Одесса омадаанд. Ба қавли Арслон, мулоқот дар хобгоҳҳои муассисаҳои олӣ сурат гирифтааст: “Онҳо моро ҷамъ карда дар бораи вазъи Одесса гуфтанд. Ба мо шарт пешниҳод карданд, ки ҳамаи донишҷӯён муваззафанд то 20 май аз шаҳр берун шаванд. Дипломат рӯирост гуфт, ки баъди 20 май сафорати Туркманистон дар Украина ба мушкили мо расидагӣ намекунад ва барои тақдири мо масъулият нахоҳад дошт”.
Арслон баъди дидори кормандони сафорат ба деканат меравад, то масъалаи пеш аз вақт супурдани имтиҳонҳоро баррасӣ намояд, аммо масъулини донишгоҳ мегӯянд, ҳеч намояндаи сафорати Туркманистон бо онҳо дидор надошт ва расман аз онҳо дар бораи созмон додани имтиҳонҳои пеш аз вақт барои донишҷуёни туркман дархосте нашудааст.
“То 20 май мо имкони супоридани имтиҳонҳоро надорем. Дар деканат мегӯянд, имкони созмон додани имтиҳонҳои пеш аз муҳлатро надоранд. Ҳоло дигар намедонем, чӣ мешавад”,-афзудааст ӯ.
Ба гуфтаи Арслон кормандони сафорат бо ҳамаи донишҷӯён чунин мулоқот анҷом дода ва мазмуни ҳамааш як будааст. Ба қавли вай баъзе донишҷӯёнро маҷбур кардаанд, зери кадом як варақ имзо гузоранд, ки онҳо расман дар мавриди муҳлати аз Одесса баромадан огоҳ карда шудаанд.
Гуфта мешавад, муҳлати тарки Одесса ва Украина дар ҳолест, ки сафорат дар дарёфти чиптаи ҳавопаймо ҳеч кӯмаке намекунад ва донишҷӯён бояд худашон билети ҳапопайморо дастрас намоянд. Аз Одесса ба Ашқобод тавасути Истанул ва Маскав мешавад парвоз кард, аммо то 20 май билетҳо фурӯхта шудаанд. “Ман ба ду ширкати ҳавопаймоӣ рафтам. Гуфтанд, ки танҳо рӯзи 5 июн як ҷойи холӣ ҳаст”,-гуфтааст ин донишҷӯи туркман.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 |
8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 |
15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 |
22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 |
29 | 30 | |