Эмомалӣ Раҳмон ҳайати ҳукуматӣ-ҳизбии ҷумҳурии мардумии Чинро, ки бо сарварии намояндаи воломақоми мақомоти марказии ин кишвар Чжоу Юнкан ба Тоҷикистон ташриф овардаанд, ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот масоили ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Чин мавриди баррасӣ қарор гирифт. Бино ба иттиллои хадамоти матбуотии президент таваҷҷуҳи асосӣ ба густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисод ва савдо, энергетика, нақлиёт ва коммуникатсия, роҳсозӣ, саноат, кишоварзӣ ва амнияту мудофиа зоҳир гардид. Зикр гардид, ки дар ҳамкорӣ бо ширкатҳои бузурги Хитой беш аз 50 лоиҳаи калонҳаҷми дорои аҳамияти умумидавлатӣ ва минтақавӣ дар Тоҷикистон амалӣ мегарданд. Ҳарду ҷониб омодагии устувори худро ба густариши минбаъдаи ҳамкории дуҷониба, аз ҷумла бо ҷалби имконоти васеи минтақаи фарохи ноҳияи Синсзян-Уйғури ҷумҳурии мардумии Чин таъкид намуданд.
Манбаъ афзуд, пас аз анҷоми музокироти дуҷониба се санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид:Созишномаи ҳамкорӣ миёни ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон ва ҳизби коммунистии ҷумҳурии мардумии Чин; Созишномаи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ – техникӣ; Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ.Тибқи созишномаи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ – техникӣ ба Тоҷикистон дар ҳаҷми 120 миллион юан (пули миллии Чин) кўмаки бебозгашти техникӣ расонда мешавад.
Мӯҳр