Бахшҳо

Вазири қирғиз баъд аз сӯҳбаташ бо Аслов: “Ворух ҷазирақаламрав буд, мемонад”

Раҳбарони вазоратҳои хориҷии Тоҷикистону Қирғизистон дар ҳошияи Анҷумани иқтисод ва ҳамкориҳои кишварҳои арабӣ бо ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна ва Озарбойҷон дар шаҳри Риёз – пойтахти Арабистони Саудӣ бо ҳам мулоқот кардаанд.

Эрлан Абдилдаев, вазири умури хориҷии Қирғизистон дар пайи бозгашташ ба Ватан дар суҳбат бо расонаҳои хабарии ин кишвар аз ҷузъиёти вохӯрӣ бо Сироҷиддин Аслов, вазири умури хориҷии Тоҷикистон, иттилоъ додааст. Ӯ гуфтааст, “мо тамоми масоили мубрам барои Тоҷикистону Қирғизистон, аз ҷумла аломатгузории хатти марзи ду кишвар, танишҳои сарҳадиро ба таври ошкоро ба миён гузоштем. Фаҳмида шуд, ки ҷониби Тоҷикистон зарурати ҳалли ин масоилро дарк мекунад ва мо низ албатта, дар якҷоягӣ ба ҳалли он хоҳем пардохт.”

Вале оқои Абдилдаев хатти марз дар вилояти Бодканди Қирғизистон ва Исфараи Тоҷикистонро бисёр печида унвон кардааст. Вазири умури хориҷии Қирғизистон афзудааст, “ҳоло аз 940 километри марзи муштарак 519 километраш аломатгузорӣ шудааст. Албатта, дар минтақаҳое хатти марз мушаххас шудааст, ки мавриди баҳс нестанд. Аз ҳама зиёд баҳсу нофаҳмиҳо болои минтақаи аҳолинишин аст. Дар робита ҷониби Тоҷикистон муносибати худро дорад, мо аз худро. Аммо мавқеъгириҳои мо зина ба зина ба ҳам наздик мешаванд ва набояд инро аз даст дод, аз ҷумла равобити дустона бо Тоҷикистонро, зеро ба ҳар ҳол мо ҳамсояем. Албатта мо манофеи миллии худро ҳимоя мекунем, вале танҳо сари мизи гуфтушунид.”

Вазири умури хориҷии Қирғизистон дар идома таъкид кардааст, ки Ворухи Тоҷикистон минтақаи анклавӣ (ҷазирақаламрав) буду боқӣ хоҳад монд: “Ҷониби Душанбе харитаи солҳои 1925-1927-ро пешниҳод мекунанд, ки мо онро қабулу бар асоси он аломатгузорӣ сурат гирад. Далоили мо низ алакай ироа шудааст, ба назари мо беҳтар аст, аломатгузорӣ дар асоси харитаи солҳои 1958-1959 иҷро шавад. Ҳоло натавонистаем, сари як тавофуқ оем, вале раванд идома дорад.”

Вале ҷониби Тоҷикистон то ҳол ҷузъиёти сӯҳбати Сироҷиддин Аслов, вазири умури хориҷии кишвар бо ҳамтои қирғизаш дар Арабистони Саудиро ошкор накардааст. Дар ҳоел ки баҳсҳои марзии Тоҷикистону Қирғизистон баъд аз тирпаронии 11 январи соли ҷорӣ миёни марзбонҳои ду кишвар шиддат ёфтааст. Дар пайи ин ҳодиса Бишкек дарҳол сафири худро фаро хонда, гузаргоҳҳои марзиро ба рӯи Тоҷикистон баст ва танҳо баъд аз чанд даври музокирот онҳоро боз намуд.


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
ин чихел мешад ки точикистон хамука роххоя дод вайхо чазира набудагия чазира кард болошба рох намедодас????????????????????????????????????

Ситора
Мухтарам Аслов Сирочидин Коре накунед ки ба монанди нохияи Мурхоб 3000 гк заминро Хитоиода доданд ё Ёшумо аз тарафи Вилояти Сухд Чамоати Ворухро барвакт ба Киргизхо додед 1 сотикро заминро ба киргизхо надихед ки миллат шуморо харгиз намебахшад илтимос чоп кунед

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)