Бахшҳо

ВИДЕО: Аз Лоиқ Шералӣ чӣ медонед? Суоли мо - ҷавоби роҳгузарон

Дар рӯзи мавлуди шоири зиндаёд Лоиқ Шералӣ, хабарнигори “Озодагон” аз раҳгузарони хиёбонҳои Душанбе, пойтахти Тоҷикистон, пурсид, дар бораи ӯ ва осораш чӣ медонанд.

Иддае ба ин савол ҷавоби мусбат дода, ҳатто хотираҳояшонро низ баён доштанд. Аммо дар ин қатор онҳое ҳам буданд, ки мегуфтанд, дар бораи Лоиқ ва ашъораш чизе намедонанд ва ё дар хотираашон намондааст.

Лоиқ Шералӣ 20 майи соли 1941 дар деҳаи Мазори Шарифи Панҷакент ба дунё омада, соли 2000 бар асари сактаи мағзӣ аз олам чашм пӯшид. Ӯ ба ҳайси корманди адабии рӯзномаи “Комсомоли Тоҷикистон”, мушовири Иттиҳодияи нависандагони Тоҷикистон ва сардабири маҷаллаи адабии “Садои Шарқ” фаъолият кардааст.

Ин шоири маъруфи тоҷик аз соли 1965 узви Иттифоқи нависандагони Иттиҳоди Шӯравӣ буда, аз соли 1991 то дами марг раҳбарии Бунёди байналмилалии забони тоҷикиро бар дӯш дошт. Лоиқ Шералӣ соли 1978 барои маҷмӯаи “Хоки ватан” ва “Илҳом аз Шоҳнома” барандаи ҷоизаи давлатии Рӯдакӣ гардида, моҳи майи соли 1999 ҷоизаи байналмилалии “Нилуфар”-ро ба даст оварда буд.


Мӯҳр
Шамшод
Дар холе, ки худи журналисти мусохибагари ин пурсиши видеои аз устод Лоик чизе дуруст намедонаду аз худ накардааст монед ки аз рохгузарон.
Мухтарама рузноманигор аввал худ эътикаи сухбат бо мардумро дигар намоед ва баъд аз мардум чизеро бипурсед.

Рустам
Ёрон чу сари дастархон чамъ оед,
Ёде зи мани сухтадиле бинмоед!
Ман ток наям, ки тирамох гур кунед,
Чун вакти бахор шавад боз бикшоед.

Лоики даврони мо, мо хама вакт бар ёди шумоем!

jahonu zindagoni bo tu zebad-sururu shodmoni bo tu zebad-javoni kun javoni kun javoni-xushihoi javoni bo tu zebad...loik.davlatmand xol nomi pisarasha loik mondaast.

99
Ана ҳамин аст, сатҳи донишу фаҳмиши аксарияти мардуми мо!!!

Лоик,Лоик нумуи миллат бокист
Мастии ту дар сабуи миллат бокист
Аз гуши гарони нокасон боке нест
Фареди ту дар гулуи миллат бокист
Устод Гулназар

Лоик,Лоик нумуи миллат бокист
Мастии ту дар сабуи миллат бокист
Аз гуши гарони нокасон боке нест
Фареди ту дар гулуи миллат бокист
Устод Гулназар

Шоира
Мана ин хаст сатхи дониши чавонони мо, онхо дар бораи Лоик, ки яке аз барчастатарин шоири асри XX ба хисоб меравад чизе намедонад, баъд онхо дар бораи ягон шоири гарб чи тассавуроте доранд ? Бисёр нанговар аст.

Барои миллат, бахусус ҷавонон ин як бадбахтист, ки бузургони худро фаромуш кардаанд, ё аз онҳо чизе намедонанд! Аслан ин айби устодони мактабҳои миёна ва олӣ низ ҳаст. Онҳо бештар бо ғарбгароӣ ва бегонапарастии худ ҷавононро ана ба ҳамин ҳолат расондаанд. Як тоҷике, ки дар бораи Лоиқи бузург ҳеҷ чиз намедонад, вой бар ҳолаш!!! Маълум аст, ки ин гуна шахсон аз бузургони асрҳои миёнаи тоҷик тамоман хабар надоранд!

In jomeai besavod ba kujo meravad,mo na sheri muosirro donem,adabiyoti klassikiro bu nabarem,sheri asili tojikiro nafahmem,az mo chi nishoni tojiki memonad.Ba nazdiki dar yak mulokot chand nafar barodaroni ironi davo namudan,ki mo tojikon sherro namefahmem,man dar in mulokot huzur nadoshtam.Ba man yke az dustho zangzada guft,ki barodaroni ironi hamin harfhoro meguyand.man ba in jalasa omada rasidam.Man az Rudaki,Firdavai,HofizmHayom,Bedil va chand sher az lopik hondam.Tamomi sherhonii bandaro ironiho ba navor sabt kardand va helo mazarathohi kardand,ki ishon ishiboh kardand.Dar nihoya man baroi ishon yak bayt az sadi guftam.To mard suhan nagufta boshad,Aybu hunarash nuhufta boshad,Har besha gumon mabar,ki holist,shoyad palang hufta boshad.Man itminoni komil doram,ki hanuz dar Tojikistoni mo palangho hastand.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)