Бахшҳо
23 май 2014 09:43Тоҷикистон / Сиёсат

ҲНИТ барои иштирок дар интихоботи парлумонии 2015 камар баст

Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) омодасозии аъзо ва масъулини бахшҳои худро барои иштирок дар интихоботи парлумонии соли 2015 оғоз кардааст.

Тавре торнамои расмии ҲНИТ хабар медиҳад, ин давраи омӯзишӣ рӯзи 22 май дар қароргоҳи марказии ҳизб дар шаҳри Душанбе оғоз шудааст. Манбаъ мегӯяд, дар ин давра ба пайравон ва масъулини бахшҳои ҳизб назокатҳои интихобот аз лиҳози қонунҳои ҷории кишвар, аҳамияти интихобот дар ҳаёти сиёсӣ, ҳаққу ҳуқуқи нозиру аъзои участкаҳои интихоботӣ омузонида мешавад.

Дафтари матбуоти ҲНИТ мегӯяд, дар ифтитоҳияи ин давра Муҳаммадалӣ Ҳайит, муовини раиси ҳизб иштирок карда, ба наҳзатиҳо ва раҳбаронашон дар навоҳи тобеи марказ дар бораи нозукиҳои интихобот, талаботи қонунҳои кишвар ва дигар паҳлӯҳои ин масъалаи муҳими сиёсӣ дарс гуфтааст.

Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, яке аз аҳзоби умдаи мухолифи кишвар ба шумор рафта, танҳо ҳизби расмии динӣ дар Осиёи Миёна мебошад. Ин ҳизб дорои таърихи 40-сола буда, соҳиби торнамову нашрияи худ мебошад ва ба гуфтаи масъулинаш ҲНИТ беш аз 40 ҳазор узв дорад.
Мӯҳр
.
Боварии пурра дорам ХНИТ сохиби ягон курси нахохад шуд, чунки ин хизб пурра обруи худро бо тарсончакиву муттахамиаш резондааст. Тахаммул карда гаштан гиред нахзатихо.

Аъзо аз Москва
Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) дар интихоботи парлумонии соли 2015 иштирок кунад ё не, аз он барои мардуми Точикистон ягон нафъе нест. Зараш мумкин расад, лекин фоидааш намерасад. Умуман ба ҲНИТ дигар заррае эътикод надорем. Дар ин давра Муҳаммадалӣ Ҳайит, муовини раиси ҳизб метавонад каме дам гирад, чунки боз мисли солхои ва интихоботхои солхои пеш, боз ягон фалокат пеш наояд. Зеро у одами даркори аст, бе у кори ХНИТ пеш намеравад. Хайронам, ки Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, худро аз аҳзоби мухолифи кишвар шуморида, боз ифтихор мекунанд. Охир шумо медонед, ки баъзе нафарон нафарон кушиш мекунанд, ки боз онхоро дар аъзогии ХНИТ гумонбар нашаванд, зеро мардум нахзати гуфта, вахобиён, салафиён, таблиготчиёнро мефахманд. Яъне нахзати гуфта, онхоеро дар назар доранд, ки барои ба даст овардани Хукумат талош мекардагихоро мефахманд. Хатто айб медонанд, ки ХНИТ ягона ҳизби расмии динӣ дар Осиёи Миёна мебошад. Таърихи 40-солаи ин хизб афсона аст. Танхо баъди Истиклолияти Точикистон ба хотири сулх ва ороми Шуморо камтар имконият доданд, ки дар хаёти сиёси иштирок кунед. Лекин чи хеле, ки пеш корхои худро пинхони пеш мебурдед, хамон хел кор карда истодаед. Мегуед, ки ҲНИТ беш аз 40 ҳазор узв доред, лекин 99 % онхо дар байни мардум метарсанд, ки худро нахзати гуянд, чунки медонанд, ки ин хизб тамоман обру ва нуфуз надорад. Рохбарони он бошад, факат барои худашон талош доранд.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)