Бахшҳо

Тарофа, таруфа, тариф ё таърифа?

Абдуқодири РУСТАМ

Намедонам он кас, ки нахуст “тарофа”-ро ба забони мо овард, онро аз кадом гӯри кӯҳна пайдо карда ва худи ӯ аз ин вожа чӣ мефаҳмад. Вале аҷабам меояд аз дигарон, ки бо осемасарӣ ва муташаккилии “коммунистона”, ки ҳазорон ҳазорашон билетҳои сурхашонро дур афканданду ба Ҳизби халқӣ- демократӣ пайвастанд ва агар фардо раиси ҷумҳурӣ аз ҳизби исломӣ бишавад, бо шитобу таъҷил муқоми имомии масоҷидро ғасб хоҳанд кард, “тарофа”-гӯю “тарофа”-навис шудаанд.

“Тарофа” дар огаҳиҳои бузурги ширкатҳои мухобиротӣ хиёбонҳои Душанберо “ороиш” медиҳад ва ба забони расонаҳо низ ворид шудааст.

Барои мисол:

“Шояд дар қиёс бо дигар ширкатҳои мухобиротии Тоҷикистон, “Вавилон-Т” пешрафтатар бошад, вале нархи тарофаҳо ва хидматрасонии он мисли дигар ширкатҳои мухобиротии Тоҷикистон бо ҷайби мардуми Тоҷикистон – кишваре, ки бахши аъзами аҳолиаш дар ҳоли фақр ба сар мебаранд, мувофиқат намекунад” (“Озодагон”, №18, 1 майи соли 2008)

“Масъулини ин ширкат мегӯянд, ки тарофаҳо барои сокинони маҳаллии канори ин роҳҳо муайян хоҳад шуд ва эҳтимол, аз тарофаҳои муқаррарӣ камтар хоҳад буд” (“Озодагон”, № 20, 26 майи соли 2010)

“Дар нишасти хабарии ширкати ҳавопаймоии “Тоҷик Эйр” чунин даъвое вуҷуд доштааст, ки фурудгҳҳо ва “Тоҷикаэронавигатсия” қарори ҳукумат дар мавриди паст кардани тарофаҳоро иҷро намекунанд. Яъне, он нархномаҳое, ки ба ширкати “Тоҷик Эйр” мувофиқи қарори ҳукумат бо арзиши камтар муайян шудааст, ҳанӯз ҳам аз рӯи тарофаҳои қаблӣ ба фурудгоҳ ва “Тоҷикаэронавигатсия” пардохт мекунад” (Озодагон, №04, 26 январи соли 2011).


Бояд афзуд, дар ҷумлаи аввал на танҳо “тарофа” ғалат аст, балки таркиби “нархи тарофаҳо” ғалаттар мебошад, зеро “таърифа” дар худ мафҳуми нархро низ гунҷоиш додааст.

Гоҳе ин вожаро ба сурати “таъруфа” ва “таруфа” низ овардаанд. Чунончи, дар огаҳии ширкати ҳавопаймоии “Тоҷик Эйр”, ки исми расмиаш КВХД “Тоҷик Эйр” будааст: “КВХД “Тоҷик Эйр” паст кардани таруфаҳоро дар самти Душанбе – Иркутск ва Кўлоб -- Москва эълон менамояд” (“Азия-Плюс”, № 27, 8 июли соли 2009).

Ёдам ҳаст, ки тоҷикон ин калимаро дар даҳаҳои 70-уму 80-уми қарни гузашта ба шакли русии он, яъне “тариф” истифода мекарданд. Баъд дар солҳои поёнии шӯравӣ шакли “таърифа” пайдо шуд. Вале “таърифа”, ки асли ин калима ва шакли дурусти он аст, ба гӯши кӣ нохуш омад, намедонам! Ба ҳар сурат, ин вожа ҳам мисли “додситон”, “додрас”, “раиси ҷумҳурӣ” ва чанд вожаи асили дигар баъд аз истиқлоли Тоҷикистон аз доираи истеъмоли расмӣ берун ронда шуд ва “тарофа”-и булъаҷаби лаънатӣ ҷойгузини он гардид.

Лозим ба ёдоварист, ки “таърифа” арабист ва изофа бар он ки асли “тариф”-у “тарофа” аст, бо вожаҳои барои ҳар тоҷик фаҳмои “таъриф”, “муъарафӣ”, “маърифат”, “ориф” ҳамреша аст ва бояст дубора ҷойгузини “тарофа”, ки чун тарошаи уфтода аз бом аст, бишавад.
Мӯҳр
Лучше бы занялись чем нибудь полезным, а то строите из себя всезнайку грамотея, интеллигентище.....

ш
Тариф калимаи руси нест мухтарам муаллиф. Ин калимаи англисист - tariff. Барои хамин чун калимаи англисист чи хеле ки хаст бояд хамон хел навишта шавад, яъне тариф. Таруфа ва таърифа ин тарзи кишлокии талаффузи калимаи хоричист. Мисол, дар кишлокхо калимахои русиро устал (cтул) учечик (счетчик) таъбел (табель) чаласак (полосатый) ва гайра талаффуз мекунанд.

олим
Агар аз калимаи нархнома истифода шавад точикитар мешавад.

Александриец,
Ба ту чӣ? Аз ин матн чӣ бардоштӣ, ки як шарҳи бемаънии пур аз нафрат навистӣ? Ақаллан бо тоҷикӣ менавистӣ, ки мо мегуфтем "ҳа чизеро фаҳмидаст."
Шумо, русу руспарастон равшанфикрони тоҷикро чашми дидан надоред. Мехоҳед, ки ҳама коргару деҳқон бошанд. Аз шайтониву дасисабозии шумо бехабар гарданд. Замонатон гузашт! Акнун ба тақдир тан дода, бо сари хам гардед. Ё, ба Донеск рафта, ба ҳамқавмотон ёрӣ диҳед, вагарна миллати ҷасури укроин каппаи онҳоро месӯзонад!

Вайс
ш,
Рост гуфтед, бародар, Тариф калимаи англиси аст. аслан хубтару бехтар мебуд агар вожахои байналмилалиро дар хамон шакли аслиашон истифода шаванд.
чи тавре ки дар Ирон ва Афгонистон, ва умуман дар тамоми чахон истифода мешаванд. ин хам тарзи ифодаи баён хам фахмотар мебошад ва хам захираи лугавии забонро бой мегардонад.

Абдукодири Рустам
Бародар, Дируз асли "тариф" на русист ва на ингилиси, онхо низ ин вожаро аз араби гирифтаанд. Мо онро замони шуравим аз руси гирифта будем, на аз ингилиси. Инак дар бораи решашинохтии ин вожа аз Википедия:"Слово «тариф» происходит от названия небольшого острова Тарифа близ Гибралтарского пролива. Во время владычества над обоими берегами пролива арабы взимали в Тарифе по особой таблице сбор со всех судов, проходивших через пролив, соответственно качеству и количеству груза. Впоследствии таблицы для взимания разного рода сборов, в том числе и таможенных, стали применяться и в других странах, и слово «тариф» вошло во всеобщее употребление"
Барои Александриец, ту ки бо забони мо наметавони бинависи, бехтар аст хомуши ихтиёр кун!

Рустам
Хамон Мехмон ростут гуфтай. Бигзор калимахои хоричй дар забон ба чанд шакле дар муомилот бошанд. Ягонташ хазм шуда сони кабул меша, барои доимй. Саид Халими рахмати дурсут додаги не да!!! Лекин Абдукодир хамон мисоли оварда дар бораи хизби халки демократи бисёр ночост, мисли тарошаи аз бом...ба гуфти худат.

Комрон
А бача, ба кадомша бгем охи? Шафтолуи гап кадомай?

Мана, дар дасти ман луғати русии калимаҳои хориҷӣ - "СЛОВАРЬ ИНОСТРАННЫХ СЛОВ, МОСКВА, 1986г." Калимаи тарифро мекушоем: ТАРИФ [фр. tarif] - система ставок, определяющая размер платы за различные услуги - перевозку пассажиров и грузов; экспорт и импорт товаров (таможенный тариф) и.т.д.; система ставок оплаты труда.
Тавре мебинем, калимаи "тариф"ро дар ибтидо франсузҳо вориди муомила кардаанд. Аз онҳо ба англисҳо гузашта, калима бо ду f, яъне tariff шудааст. Аз яке ин ду забон ба русӣ ва аз он ба тоҷикӣ гузаштааст. Новобаста аз этимологияи (пайдоиши) ин калима, хуб мешуд он дар забони ҳозираи тоҷикӣ дар шакли "ТАРИФ" бимонад. Зеро калима калимаи оммавӣ нест, яъне инки, онро танҳо мутахассисони соҳа истифода мекунанд. Шарт нест, ки ҳама донанд. Дуввум инки, калимаи ТАРИФ алакай байналмилалӣ шудааст ва истифодаи он дар забон зараре надорад. Дар тарҷумаи ҳар як калима шитобкорӣ набояд кард, аз ин забони модарӣ фоида нахоҳад дид. Ба тарзи мисол: калимаи "билет"ро бо калимаи гӯшхароши "чипта" иваз карданд, вале он танҳо дар қоғаз ва дар лавҳаи "Чиптафурӯшӣ" монд. Ҳоло касе "чипта" намегӯяд. Дар гузашта пуританҳои (олуфтаҳои) рус калимаи "пианино"ро бо "тихогром" ва "галоши"ро (аз англ. "galoshes") бо "мокроступы" иваз карданӣ шуданд, вале он ду калимаро касе қабул накард, ва боз ҳамон "пианино" ва "галоши" монд. Калимаи "галоши" дар шакли "калуш" дар забони мо реша давондааст, ки, ҳоло, касе онро инкор намекунад. Барои онки калимаро мардум қабул кунанд, он набояд забонхарош бошад. Калимаи суфта ва осон зуд дар забон мақом пайдо мекунад.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)