Бахшҳо

Даъвати The Cotton Campaign барои манъи маблағгузории лоиҳаҳои Узбакистон

The Cotton Campaign бо ирсоли як нома ва гузориш унвонии президенти Бонки ҷаҳонӣ ва сарвари иҷроияи ин ниҳоди моливӣ даъват кардааст, маблағгузорӣ ба тарҳҳои Узбакистонро манъ созад.

Ширкат “нигаронии амиқ”-и худро аз пешниҳоди ду қарзи нав ба бахши кишоварзии Узбакистон – идораи захоири об ва рушди боғдорӣ дар ҷануби Қарақалпокистон баён доштааст. The Cotton Campaign даъват кардааст, то Узбакистон дар самти манъи меҳнати кӯдакон барои ҷамъоварии пахта иқдоми ҷиддӣ нагирад, аз пешниҳоди ин маболиғ худдорӣ шавад.

Дар ин нома гуфта мешавад, “истифодаи меҳнати иҷборӣ дар соҳаи пахтакорӣ дар Узбакистон аз он ҷиҳат нигаронкунанда аст, ки аз ҷониби давлат роҳандозӣ мешавад".

“Ҳукумати Узбакистон ҳамаи заминҳои пахтаро дар ихтиёр дорад ва кишоварзонро ба иҷрои нақша маҷбур мекунад. Кишоварзон бояд пахтаро ба он нархе фурӯшанд, ки давлат муайян мекунад",-омадааст дар нома.

Ба иттилои ширкат, ҳамасола ҳукумат ба таври маҷбурӣ хонандаҳои 16-17-солаи мактабҳо, донишҷӯён, омӯзгорон, кормандони бахши тандурустӣ ва дигар кормандони идораҳои давлатӣ ва хусусӣ, ҳатто бознишастаҳоро барои ҷамъоварии пахта мебарад.

Ҳомиёни ҳуқуқ солҳост, ки аз истифодаи меҳнати кӯдакон барои ҷамъоварии пахта дар Узбакистон нигаронӣ мекунанд. Чанд сол қабл бархе ширкатҳо пахтаи Узбакистонро таҳрим карда, аз харидории он даст кашида буданд.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)