Бахшҳо
02 июн 2014 16:04Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

Бурҳониддинро кӣ кушт? Назари масъулони маорифу пулис

Раъно Ёрова, мудири мактаби рақами 54-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, даст доштани хонандагонашонро дар куштори Бурҳониддин Зарифов -- хонандаи синфи 11-и мактаби миёнаи рақами 66-и пойтахт рад кард. Ин дар ҳолест, ки бар асоси хабарҳои расида Бурҳониддин дар пайи муноқиша миёни хонандаҳои мактаби миёнаи рақами 54 ва 66-и шаҳри Душанбе аз зарби корд кушта шудааст.

Ёрова дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, ягон талабаи мактабаш дар ин муноқиша иштирок накардааст: “Танҳо як талабаамон, вақте аз варзиш мебарояд, таҷаммӯи одамонро мебинад ва ба он ҷо наздик мешаваду бас."

Бурҳониддинро кӣ кушт? Назари масъулони маорифу пулисМудири мактаб афзуд, дар робита ба ин қазия дар ҳузури вазири маориф ва илму масуълини пулис ҷаласа баргузор шуд: “Саид Ҷӯрахонов, сардори Раёсати умури дохилии Душанбе, гуфт, тибқи иттилоияи пешакӣ дар ин куштор нафаре даст доштааст, ки умуман дар ягон ҷо намехонад. Ӯ синфи 9-ро дар мактаби 88 хатм карда, дигар дар ягон ҷо таҳсил накардааст...”

Додоҷон Шарифов, роҳбари синфи Бурҳониддин Зарифов, мегӯяд, марҳум хонандаи хуб буду ҳеч майли ҷангҷӯӣ надошт: “Ин муноқиша аз нофаҳмие дар Интернет оғоз шудааст ва худи Бурҳониддин аз он хабар надоштааст. Ӯро як ҳамсинфаш даъват кардааст ва мегӯянд, вақте муноқиша оғоз мешавад, ӯ талош кардааст, ҷангҷӯёнро халос кунад, аммо худаш аз зарби корд фавтидааст.”

Шарифов мегӯяд, талабаи марҳумаш барои идомаи таҳсил дар Туркия ҳуҷҷат супорида буд ва посух низ гирифт, ки қабул шудааст. Дар ҳамин ҳол, мақомоти Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯянд, ба иттиҳоми куштори Бурҳониддин ҳамчун гумонбар дар ин қазия нуҳ нафар ноболиғи 17-18 сола, хонандагони мактабҳои таҳсилоти умумӣ, литсейҳо ва шаҳрванд Баҳрулло Асоев (соли таваллудаш 1995)-ро дастгир кардаанд: "Феълан аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз шуда, тафтишот идома дорад."
Мӯҳр
Саидбек
Бояд дар паи ин куштор директорони тамоми мактабхои шахр, мудирони шуъбахои маориф барканор карда шавад..дар баробари ин ба волидайн вохури гузаронида ба касоне ки фарзандонашон дар ин казия дастдоранд парвандаи чинои кушода шавад.. то ба дигарон дарс шавад.. дар чамъ сохаи маорифро сахт дигаргуни мебояд..фаслод реша давонадааст..

mualim
Hudovand rahmatash kunad. Ana hamin natijai ma,an kardany javonony to sini 18 ba masjid.Hamin hel raftan girad az in bad meshavad,boz mebed,ki talaba mualimro kusht. Haminqadar mefahman masuloni mo. Ozodagon salomat boshed. chop kuneeed

Помогите найти телефон Раъно Ёрова, мудири мактаби рақами 54Саидбек,

Омузгор
Барои як мунокиша директори 90 ро аз вазифа озод намуданд чунки геграфияш маъкул набуд гарчанде директори босавод аст одамро мекушанд касе намебинад намешунавад.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)