Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 26 апрел 2019, 14:42

Боздошти домоди собиқи президент... дар Австрия

6 июн 2014, 10:10

Роҳат Алиев алигархи фирории қазоқ ва собиқ домоди раисиҷумҳури Қазоқистон дар шаҳри Вена – пойтахти Австрия аз сӯи пулис боздошт шудааст.

Франс Пресс навиштааст, ки домоди пешини Нурсултон Назарбоев, раисиҷумҳури Қазоқистон ва сафири пешини кишвараш дар Австрия худро ба пулис таслим карда, ба эҳтимоли қаввӣ ба хотири ҳамкорӣ бо мақомоти қудратии Вена мебошад.

Манбаъ мегӯяд, дастури ҳабси Алиев дар Австрия 19 майи соли ҷорӣ содир шудааст. Ин дар ҳолест, ки соли 2011 додгоҳи Вена аз содир намудани қарори истирдоди ин алигархи қазоқ ба ватан худдорӣ карда буд.

Алиев дар Қазоқистон дар сарнагун кардани ҳокимият, созмон додани гуруҳи ҷиноӣ ва одамрабоӣ муттаҳам мешавад. Додгоҳ ӯро дар ғайбаш ба 40 соли маҳрумият аз озодӣ маҳрум карда буд. Роҳат Алиев шавҳари собиқи Дарига Назарбоева, духтари калони президенти Қазоқистон мебошад, то кунун дар Австрия паноҳ бурда, дар пайи таҳияи ҳуҷҷатҳо барои дарёфти шаҳрвандии Кипр буд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!